Муҳоҷирони корӣ нафақа мегиранд?

Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иттилоъ дод, ки гуфтушиниди ҷониби Тоҷикистон бо Русия барои таъмини муҳоҷирони тоҷик бо нафақа идома дошта то охири соли равон як мулоқоти дигар дар назар гирифта шудааст.

Ӯ, санаи 18 июл дар нишасти матуботии агентӣ гуфт, ки  созишнома доир ба таъмини нафақаи муҳоҷиронро таҳия карда, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардаанд: “Ҳукумат ин санадро тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ ба Русия ирсол кардааст. Октябри соли гузашта мо бо мутахассисони ташкилотҳои дахлдор ва Вазорати меҳнати Русия вохӯрда, оиди таъмини нафақаи муҳоҷирон муҳокимаҳо гузарондем”.

 

Одиназода афзуд, ки мушкилот асосие ки пеши роҳи ҳалли ин масъаларо мегирад тафовути қонунҳои ду мамлакат дар мавриди суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад, аммо лоиҳае ки онҳо пешниҳод кардаанд хело фарогир аст.

Масъалаи нафақаи муҳоҷирони корӣ ки бино ба маълумотҳо наздики 1 млнро ташкил медиҳанд, масъалаи доғ ва норӯшан боқӣ мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *