Муҳоҷирони Маскав: Одамкушонро ба ҷавобгарӣ кашед!
Нирӯҳои ОМОН ва СОБР шаби 20 сентябр дар назди фурӯшгоҳи «Москва” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ҳудуди 100 тоҷикро дастгир кардаанд. Муҳоҷирони тоҷик дар инҷо ҷамъ шуда, аз маъмурияти бозор ба ҷавобгарӣ кашидани қотилони аробакаши тоҷик Наврӯз Каримовро талаб доштанд. Ин аробакашро посбонҳои бозор то мурдан латукӯб кардаанд.
Расонаҳои Русия аз қавли манобеи худ дар пулиси шаҳри Маскав хабар доданд, ки нирӯҳои ОМОН шаби 20 сентябр дар фурӯшгоҳи «Москва” дар минтақаи Люблино ҳудуди 100 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, муҳоҷирони дастгиршударо ба шӯъбаҳои пулис тақсим кардаанд ва асноди онҳоро тафтиш карда, изи ангушташонро бояд бигиранд.
Нирӯҳои ОМОН ва СОБР дар пайи таҷаммӯи издиҳоми муҳоҷирони тоҷик дар назди бозори «Москва” ба онҷо фиристода шуданд, то аз эҳтимоли задухӯрди байни онҳо ва маъмурони бозор пешгирӣ кунанд.
Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик ҳатто ба нирӯҳои ОМОН сарбасар мешаванд. Як муҳоҷири тоҷик хитоб ба нирӯҳои вижаи пулис мегӯяд: «Одамро куштанд дар даруни бозор, чаро моро намегузоред, ки дароем. Одамро куштанд! Куҷост адолат? Куҷост ҳақиқат?”
Муҳоҷирони тоҷик шоми 20 сентябр дар пайи ҳалокати Наврӯз Каримов, як аробакаши тоҷик аз дасти посбонҳои фурӯшгоҳи «Москва” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав дар назди ин бозор ҷамъ шуданд. Тазоҳургарон аз маъмурияти бозор ва мақомоти пойтахти Русия боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани қотилони ин аробакаши 27-солаи тоҷикро талаб доштанд.
Дар видеои дигаре, ки аз назди даромадгоҳи бозори «Москва” нашр шудааст, дида мешавад, ки даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар назди дарвозаҳои бастаи бозор ҷамъ шуда, соҳибони онро талаб доранд, то пеши онҳо баромада, барои куштори аробакаши тоҷик ҷавоб диҳанд. Аммо дарвозаҳои бозор баста аст ва касе аз маъмурияти он ҳозир нашудааст, ки пеши издиҳоми тоҷикҳои бахашмомада барояд.
Бо вуҷуди боздошти ҳудуди 100 муҳоҷири тоҷик аз ҷониби ОМОН ва СОБР, фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, аз ҷумла Иззат Амон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳамватанони худ даъват кардаанд, ки рӯзи 21 сентябр дар фурӯшгоҳи «Москва” ҷамъ шуда, ба масъулият кашидани қотилони Наврӯз Каримовро талаб кунанд.
Бахтовар, яке аз тоҷикони фаъол дар шаҳри Маскав ба сомонаи «Ахбор” хабар дод, ки Наврӯз Каримов соли 1990 таваллуд шуда, аз қишлоқи Олучаи минтақаи Ботури ноҳияи Балҷувон мебошад. Ӯ ба наздикӣ ба Маскав барои мардикорӣ омада, дар фурӯшгоҳи «Москва” ба аробакашӣ сар карда буд.
Тоҷирони фурӯшгоҳи «Москва” гуфтанд, ки дар нимаи дуюми рӯзи 20 сентябр посбонҳои бозори «Москва” аз ширкати «Витязь” Ба Наврӯз Каримов дарафтодаанд, ки чаро ӯ бидуни иҷозат аз як растаи бозор ба растаи дигараш бор кашондаанд. Тибқи схемаи мафиозие, ки дар ин бозор сохтаанд, аробакашҳо ҳаққи кашондани бор фақат дар он як растаи бозор, ки барояш пул месупоранд, доранд. Дар сурати ба растаи дигар бурдани бор, бояд онро дар даромадгоҳи он раста ба аробакаши дигар бисупоранд.
Дар натиҷаи латукӯби шадиди посбонҳо Наврӯз Каримов аз ҳуш рафтааст ва посбонҳо вайро дар пеши партовгоҳе партофтаанд. Вале тоҷикҳои дигар Наврӯзро дар инҷо дар як ҳоли табоҳ пайдо карда, ба «Ёрии таъҷилӣ” занг задаанд ва ӯро бо мошини «Ёрии таъҷилӣ” ба бемористон бурдаанд. Вале ҷароҳатҳои бардоштаи аробакаши тоҷик чунон вазнин буд, ки ӯ ба ҳуш наомада, ҷон додааст.
Ин бори аввал нест, ки аробакашҳои беҳуқуқи тоҷик дар бозорҳои минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ҳадафи бадрафтории посбонҳо ва дигар маъмурони бозорҳо қарор мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ