Муҳоҷирони тоҷик дар ҷойи дуюм
Ӯзбекистон миёни кишварҳои ИДМ дар ҷадвали интиқоли маблағ аз Русия ҷои аввалро гирифт. Дар ин бора Бонки марказии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеӣ аз Русия ба Ӯзбекистон 726 млн доллар интиқол додаанд.
Бино бар иттилои мавҷуд, аз Русия ба Тоҷикистон 487 млн доллар, ба Қирғизистон 434 млн, ба Арманистон 209 млн, ба Озарбойҷон 191 млн, ба Украина 158 млн, ба Қазоқистон 143 млн, ба Молдова 109 млн ва ба Белорус 73 млн интиқол дода шудааст.
Ба Туркманистон бошад, аз Русия ҳамагӣ 200 ҳазор доллар интиқол ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ