Муҳоҷирони тоҷикро дар Амрико ҳам дастгир мекунанд
Идораи муҳоҷирати Амрико хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёти махсус дар шаҳри Ню-Йорк 225 муҷоири ғайриқонуниро дастгир кардаанд. Дар байни боздоштшудаҳо шаҳрвандониТоҷикистону Ӯзбекистон ҳам будаанд. Тоҷикони муқими Амрико мегӯянд, инҳо аксаран он шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ки бо вуҷуди тамом шудани визаашон тарки Амрико накарданд.
Дар ҷараёни амалиёти густурдае, ки афсарони Идораи муҳоҷират ва гумруки Амрико тайи 6 рӯз – аз 8 то 14 апрел – дар шаҳри Ню-Йорк доир карданд, 225 муҳоҷири ғайриқонунӣ дастгир шудаанд. Ин амалиёт, бино ба гузориши мақомоти амрикоӣ, дар шаҳри Ню-Йорк, ҷазираи Лонг-Айленд ва водии Ҳудзон сурат гирифтааст.Афсарони Идораи муҳоҷират ва гумруки Амрико ин 225 муҳоҷири ғайриқонуниро дар минтақаҳои мухталифи Ню-Йорк, аз ҷумла дар Бронкс, Бруклин, Квинс, Манҳеттен, Стейтен-Айленд, ҳавзаи Саффолк, Нассау, Вестчестер, Оринҷ-Каунти, Датчес, Рокленд, Лонг-Айленд ва водии Ҳудзон дастгир кардаанд.Ин ниҳод мегӯяд, аз 225 нафари боздоштшуда 180 нафараш қаблан ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, 80 нафар ҳукми ниҳоии ихроҷ аз қаламрави Амрикоро доранд.Идораи муҳоҷират ва гумруки Амрико дар бораи шахсияти дастгиршудаҳо тафсилоти зиёд надодааст, вале мегӯяд, дар байни онҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ, аксар аз Амрикои Лотинӣ ҳастанд. Ин идора ҳамчунин тасдиқ кардааст, ки дар ҷараёни амалиёти густурда дар Ню-Йорк шаҳрвандони Русия, Украина, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳам дастгир шудаанд. Аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар ин амалиёт касе боздошт нашудааст.Шумораи шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар ин гузориш оварда нашудааст. Шумораи дақиқи зодагони Тоҷикистон дар Ийолоти Муттаҳидаи Амрико маълум нест. Вале бино ба омори мақомоти амрикоӣ, фақат аз соли 2000 ба ин тараф тақрибан 5000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо дарёфти «грин-карта” барои зиндагии доимӣ ба Амрико омадаанд. Ҳамин тавр, ҳар сол даҳҳо нафар аз Тоҷикистон бо визаи донишҷӯӣ бо мақсади таҳсил вориди Амрико мешаванд, вале танҳо як қисми онҳо дар ниҳоят ба донишгоҳҳои ин кишвар дохил мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ