Муҳоҷиронро аз ғалбер мегузаронанд
Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик -“Этмос” мегӯяд, тайи як ҳафтаи охир қариб 1000 муҳоҷири тоҷик аз шаҳру вилоятҳои Русия бо ҳар баҳона депортатсия ва ҷарима карда шудаанд.
Каримҷон Ёров дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, кормандони “ОМОН” ва Хадамоти муҳоҷирати Русия дар кӯча, метро ва сохтмонҳои шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург муҳоҷирони меҳнатиро дошта, ҷарима мекунанд: “Дар шаҳри Санкт-Петербург барои надоштани муҳлати иқомат муҳоҷиронро ҷарима доранд, дар ҳоле ки чунин муқаррарот вуҷуд надорад. Ҳар рӯз садҳо муҳоҷирро аз кишвар ихроҷ мекунанд”,- мегӯяд Ёров ва муҳоҷири 27-солаи тоҷик Исмоил Темировро мисол меорад, ки рӯзи 4 март ба шаҳри Маскав омада, аллакай санаи 10 март депорт карда шудааст. Ба қавли Ёров “Ин ҷавон тамоми санадҳои лозимиро ба пулис нишон додааст, вале онҳо гуфтаанд, ки ҳуҷҷатҳояш қалбакӣ мебошанд. Пулис бо баҳонаи он ки Темиров давоми як сол аз ҳудуди Русия берун набаромадааст, ӯро ихроҷ кардааст”.
Ба гуфти Каримҷон Ёров давоми 2 рӯзи охир кормандони мақомоти пулис дар кӯчаҳои Русия дар пайи як амалиёти вижа муҳоҷиронро “аз ғалбер” гузарониданд. “Қаблан дар тамоми Русия, бо истиснои Санкт-Петербург қонуни дароз кардани ҳаққи иқомат мавҷуд буд. Дар Питер муҳоҷирон танҳо бо патент кор мекарданд. Ҳоло бо баҳонаи надоштани “регистрация” муҳоҷиронро ҷарима мекунанд»,- мегӯяд роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик-“Этмос” ва дар идомаи суҳбаташ меафзояд, ки тамдиди муҳлати ҳаққи иқомат дар сурати доштани патент ғайриқонунӣ мебошад, зеро дар Қонуни федеролии Русия дар ин бора чизе гуфта нашудааст: “Дар он навишта шудааст, ки дар сурати доштани патент дароз кардани муҳлати ҳаққи иқомат даркор нест, лекин кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Русия худсарона чунин қонунро ҷорӣ кардаанд”.
Ёдрас мешавем, ки масъалаи ихроҷ ва манъи вуруди муҳоҷирони кори тоҷик ба Русия дар мулоқоти сарварони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, президенти Русия Владимир Путин ваъда дода буд, ки минбаъд бар асоси тавофуқоти бадастомада бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон кор хоҳем кард, аммо вазъият то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонад…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ