Муҳоҷиронро дигар таксӣ рондан намемонанд

Фаъолияти муҳоҷирини меҳнатӣ дар вилояти Новосибирски Русия аз рӯйи як қатор ихтисосҳо номумкин мегардад.

Аз рӯи маълумотҳои расонаҳои русӣ бо қарори Владимир Горедский,губернатори вилоят кор дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон, боғча, мактабҳо, соҳаи хӯроки кӯдакон ва истеҳсоли ғизоҳои кӯдаконаву маҳсулоти парҳезӣ барои муҳоҷирон мамнӯъ шудааст. Интерфакс менависад, ҳамчунин бар асоси ин қарор барои хориҷиён кор дар нақлиёти мусофиркашонӣ – таксиву автобус ва дигар навъи нақлиёти мусофиркашон иҷозат дода намешавад. Бар илова муҳоҷирон дигар наметавонанд ба ҳайси котиб, муҳаррир, тарҷумон, муҳосиб ва корманди соҳаи молия кор кунанд.
Корфармоҳо муваззаф шудаанд, ки баъди се моҳи қуваи қонун гирифтани қарор аз хадамоти муҳоҷирон дар соҳаҳои зикршуда худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *