Муҳоҷиронро лату кӯб карданд
Дар маркази нигоҳдории муваққатии хориҷиҳо дар шаҳри Томски Русия ҳадди ақал 13 боздоштшуда мавриди латту кӯби шадиди нирӯҳои ОМОН ё гурӯҳи таъиноти махсуси «Росгвардия» қарор гирифтанд.
Аксари онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд. Ҳодиса рӯзи 12-уми апрел рух дод ва дар натиҷа як ҷабрдида ба бемористон интиқол ёфта, дигарон бо осори латту кӯб дар ҳамин маркази муваққатӣ нигаҳ дошта мешаванд.
Дар бораи ин ҳодиса бори нахуст Комиссияи назорати ҷамъиятӣ — як ташаккули нозири риояи ҳуқуқи башар дар муассисаҳои ислоҳотиву боздоштгоҳҳо хабар дод. Александр Палтусов, узви ин комиссия, дар суҳбат бо матбуоти Томск рӯзи 17-уми апрел гуфт, ба боздоштгоҳи муҳоҷирон рафта, танҳо баъди 40 дақиқа иҷозат гирифт, ки бо ҷабрдидаҳо сӯҳбат кунад.
Вай гуфт, дар ҳодисаи рӯзи панҷшанбеи гузашта нирӯҳои ОМОН вориди ду утоқи нигаҳдории хориҷиҳо шуда, ҳамаро шадидан латту кӯб карданд. Палтусов аз қавли ҷабрдидаҳо гуфт, ин саҳнаро раиси маркази нигаҳдорӣ ё боздоштгоҳи муваққатӣ ҳам назорат мекард. Маъмурияти боздоштгоҳ сабаби даъвати ОМОН ва латту кӯби муҳоҷиронро шарҳ намедиҳад. Вале дафтари матбуоти «Росгвардия» ҳодисаи латту кӯби боздоштшудаҳоро рад кардааст.
Вале хабари латту кӯб шудани муҳоҷиронро рӯзи 17-уми апрел ваколатдори ҳуқуқи башари вилояти Томск тасдиқ кардааст. Омбудсмен Елена Корташова рӯзи 16-уми апрел аз маркази нигаҳдории муваққатии хориҷиҳо дидан карда, навишт, шикояти латту кӯб шудани муҳоҷирон қисман тасдиқи худро пайдо кард.
Рӯзи 17-уми апрел раиси ҷамъияти тоҷикони Томск Сайфуллоҳ Исматуллоев ба маркази нигоҳдории муваққатии хориҷиҳо рафта, бо раҳбари ин муассиса мавзӯи латту кӯби муҳоҷиронро матраҳ кард. Исматуллоев гуфт, ки раҳбари муассиса аз шарҳи ҷузъиёти моҷаро худдорӣ кард. Бар асоси маълумоти ӯ, дар ин марказ феълан 3 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Ҳамаи онҳо баъди анҷоми мӯҳлати зиндон барои содир кардани ҷиноятҳои мухталиф бо сабаби мушкил дар санадҳояшон ба ин муассисаи муваққатӣ интиқол ёфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ