Муҳоҷирзанро бо кӯдаконаш бадарға карданд
Кормандони пулиси Тюмен Санъат Ф.-и ҳомиларо шоми 19- декабр боздошт карда, танҳо баъди 25 соат ҷавоб доданд.
Дар ин муддат 7 кӯдаки ӯ дар хона танҳову гурусна монданд. Мақомоти Тюмен мегӯяндин шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ мекунанд. Омбудсмени ҳуқуқи кӯдак гуфт, барои он ки ин оила аз якдигар ҷудо нашаванд 7 кӯдаки Санъат низ ҳамроҳаш ихроҷ хоҳанд шуд.
Нашрияи минтақавии Ура.Ру, ки рӯйдодҳо ва таҳаввулоти ҳавзаи федералии Урали Русияро пайгирӣ мекунад, рӯзи 26 феврал қиссаи дилрешкунандаи як зани тоҷики серфарзандро нашр кардааст. Санъат Ф. (исми ин зан бо хоҳиши ӯ иваз карда шудааст) 7 кӯдак дошта, ҳоло дар батн ҳомилаи кӯдаки ҳаштумаш аст.
Бо ин вуҷуд, шоми 19 декабр, соати тақрибан 19 кормандони пулиси шаҳри Тюмен ӯро аз манзили иҷорааш боздошт карда, бо худ бурданд. Ура.Ру менависад, кормандони пулис парвои 7 кӯдаки ин занро накарданд, ки дар фасли зимистон дар хонае, ки бо бухорӣ гарм карда мешавад,, танҳо мемонанд ва оё кӣ онҳоро нигоҳубин хоҳад кард?
Санъат телефонашро пеши кӯдаконаш монд, ки мабодо касе занг занад. Ӯ мутмаин буд, ки зуд бар мегардад: «Кормандони пулис ваъда доданд, ки ҳуҷҷатҳоямро тафтиш мекунанду ҷавоб медиҳанд. Вале ду нафари либоси пулис дар тан бо мошини хидматӣ маро ба як бокси воқеъ дар кӯчаи Горкий бурданд. Талаб ҳам карданд, ки куҷо буданамро ба касе нагӯям, чунки пулис расман маро боздошт накарда буд ва ҳаққи нигоҳ доштан надошт. ”
Аммо Санъат на он шаб баргашт, на субҳ ва на рӯзи дигар. Ӯ беш аз як шабонарӯз дар ҳамон боздоштгоҳ ё «бокс” монд ва дар ин ҳама муддат хӯрокаш чанд печенйе ва макарон буду бас. 7 кӯдаки ӯ низ дар хона бесоҳиб монданд. Духтари калонии ӯ маҷбур шуд фардояш ба шиносҳояшон муроҷиат кунад ва ин шиносҳо кӯдакони тарсхӯрдаи Санъатро таскин дода, нону обашонро то омадани ӯ таъмин карданд.
Пулис Санъатро танҳо баъди 25 соат, соати ҳашти шаби 20 декабр ҷавоб дод.
Ин зан 12 сол боз дар Тюмен зиндагӣ мекунад. Дар ин муддат ду бор издивоҷ кард ва 7 кӯдак ва як тифли ҳафтмоҳаи дигар дар батн дорад. Ура.Ру менависад, Санъат дар дасташ фақат шиносномаи Тоҷикистон ва сабти номи муваққати семоҳа дар Тюменро дорад. Ӯ мегӯяд, имкони қонунӣ кардани будубошаш дар Русияро надорад: «Миёнаравҳо ба ман пешниҳод карданд, ки ҳуҷҷатҳоятро барои гирифтани шаҳрвандии Русия тахт кунем. Барои ин 70 ҳазор рубл пурсиданд, вале ман чунин маблағ надорам.”
Ҳоло Санъат ягонҷо кор ҳам намекунад, зеро зани ҳомилаи ҳафтмоҳаро табиист ки касе ба кор намегирад. Ба ин оилаи серфарзанд ҷамъияти оилаҳои серфарзанди Тюмен «Радость” кам-кам бо ғизову либос кумак мерасонад.
Елена Майсюк, роҳбари созмони «Радость” мегӯяд, Санъат дар Тоҷикистон касе надорад ва ихроҷи ӯву фарзандонаш аз Русия ба маънои ба вартаи фақру нодорӣ тела додани ин оила аст: «Ин зан натавонист санадҳояшро дар Тюмен дуруст кунад ва аз давлат ягон кумак намегирад. Вале ӯ дар ҳаққи фарзандонаш ғамхорӣ мекунад. Инки кормандони пулис ӯро аз хона бурда, кӯдакони хурдсолашро бенигоҳубин партофтанд, як қонуншиканист. Шукр, ки ҳаво дар берун 40 дараҷаи зери сифр набуд, вагарна ин кӯдакон аз сардӣ ҷон мебохтанд.”
Ҳамаи кӯдакони Санъат шаҳодатномаи таваллуд доранд ва се фарзанди калониаш алакай ба мактаб мераванд. Кӯдакони дигараш дар хонаанд, чунки модари онҳо имкони таҳияи аснодашон барои супурдан ба боғчаи кӯдакон ё кӯдакистонро надорад. Ура.Ру менависад, ин кӯдакон ёри пурраи тиббӣ ҳам намегиранд, чунки ҳаққи гирифтани суғуртаи тиббиро надоранд.
Бо ин ҳол, Андрей Степанов, маъмури ҳуқуқи кӯдаки вилояти Тюмен ба Ура.Ру гуфт, ки аз вазъи ин хонавода хабар дорад. Идораи Степанов ҳамчун кумак ба ин оила аз Сандуқи суғуртаи тиббӣ хостааст, ки онҳоро бо полиси тиббӣ таъмин кунад, то онҳо ёрии пурраи тиббӣ гирифта тавонанд.
Аммо, меафзояд Степанов ин оиларо аз Русия ихроҷ хоҳанд кард: «Дар ҳоли ҳозир ин зан қонунҳои Русияро поймол карда истодааст ва аз эҳтимол дур нест, ки ҳам ӯ ва ҳам фарзандонашро аз Русия ихроҷ кунанд. Мо наметавонем ин оиларо аз ҳам ҷудо кунем.”
Бар асоси ин мантиқи маъмури ҳуқуқи кӯдаки Тюмен, агар додгоҳ Санъатро ихроҷ кунад, бояд кӯдакони ӯро ҳам аз Русия ба Тоҷикистон баргардонанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ