Муқоисиа Шафиъи Айёр Кадом президент беҳтар?

 

Рӯзноманигори зодаи Афғонистон Шафиъи Айёр дар барномааш роҳбарони Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғаниро бо ҳам қиёс карда, мегӯяд, дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон дар кишвараш «хушиву зебоӣ эҷод карда, бо мардуми худ мерақсад”, дар Афғонистон дар аҳди Ашраф Ғанӣ қатлу куштору инфиҷору дарёи хун ҷорӣ аст.

Шафиъи Айёр дар як барномааш ба қиёси раисҷумҳурони Тоҷикистону Афғонистон пардохтааст. Ин рӯзноманигори Афғонистон дар YouTube ва Facebook ҳар ҳафта як барномаи видеоӣ дар масоили доғи сиёсат, амният, фарҳанг ва ислом дар Афғонистон пахш мекунад. Ӯ барномаи 480 -умаш, мусодиф ба ҳафтаи чаҳоруми моҳи июни соли 2018- ро ба қиёси Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ихтисос додааст.

Ӯ дар оғоз аз бинандагони худ даъват мекунад, ки ҳангоми дидани барнома ҳатто «чой нанӯшанд” ва «гап назананд”, то маъноҳои нозуки онро дарк кунанд ва фаҳманд, ки чаро Афғонистон ин қадар ба як «кишвари бадбахт” табдил шудааст.

Шафиъи Айёр дар оғоз навори рақси Эмомалӣ Раҳмон дар минбари як ҷашнро пахш карда, ӯро як раҳбаре унвон мекунад, ки «хушиву зебоӣ эҷод карда, фарҳанг кишт карда ва гулҳои рангини оромиву шодӣ аз ӯ сар зада, бо мардуми худ мерақсад, дар хушии мардум ҳисса мегирад”.

Эмомалӣ Раҳмон навори як суханронии Эмомалӣ Раҳмон аз як ҷаласаро пахш мекунад, ки дар он раисҷумҳури Тоҷикистон мардуми кишварашро барои обод кардан ва сохтани ватани худ даъват мекунад. Рӯзноманигор мегӯяд, «эҳсоси пок доштани ӯ дар Тоҷикистон як ҳадафмандиро ба вуҷуд овардааст”.

Шафиъи Айёр ба ин бовар аст, ки «Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ садҳо миллион доллар нагирифта, ё ҳадди ақал ҷаҳон даъво намекунад, ки дар он кишвар харҷ кардааст, дар ҳоле ки Амрико даъво дорад, ки 3 триллиону 500 миллиард доллар дар Афғонистон харҷ кардааст, аммо сари Тоҷикистон 350 миллион доллар ҳам масраф накардааст”.

Айёр чанд суол мегузорад: «Ғанӣ, ки иддао мешавад, «мағзи мутафаккири дунёст”, ба фарқ аз Эмомалӣ як инсони бераҳм аст? Оё ба мардуми худ алоқаву эҳсос надорад?” ва худ посух медиҳад: «Комилан дорад. Як фарди хеле меҳрубон ба мардуми Афғонистон аст (ин ҷо навореро мегузорад, ки Ашраф Ғанӣ мегӯяд: «Кулли мардуми Афғонистон авлод (фарзанд) – ам аст”). Шафиъи Айёр мегӯяд, як падар барои осоишу зиндагӣ ва ободиву сарнавишти фарзандаш фикр мекунад ва Ашраф Ғанӣ бубинед, ки роҷеъ ба фарзандони ватан чӣ фикр мекунад (ҳамон навор ба пуррагӣ меояд, ки Ғанӣ мегӯяд: «Кулли мардуми Афғонистон авлод (фарзанд)-ам аст. Порча – порча мешаванд, хунашон сарак (роҳҳо) – ро мегирад, ин имтиҳони илоҳист”.

Ҳамин тавр, рӯзноманигори маъруфи Афғонистон чунин хулоса мекунад: «Тарзи тафаккури Эмомалӣ ин аст, ки кор кунед, заҳмат кашед, мамлакататонро обод кунед, вақте обод кардед, ором мешавед ва ба рақсу шодӣ дармеоед. Оромиш инсонро хуш месозад. Оқои Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ки тамоми мардум авлоди ман аст, аммо Худованд мову шуморо имтиҳон мекунад ба қатлу куштани мо! Тамоми ҷодаҳоро хуни шумо мегирад, ин имтиҳони илоҳист. Ин тарзи тафаккур ҳамин ҳолатро ба вуҷуд меорад (наворҳои амалиётҳои пурқурбонии террористӣ). Ин ҷо ҳам рақсу мусиқист. Рақси бисмил аст ва мусиқии ғаму ҷаноза…”

Шафиъи Айёр як навореро аз суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон меорад, ки дар бораи қонунҳои марбут ба ҷилавгирӣ аз худнамоӣ, таассубу хурофотпарастӣ, гароиши мардум ба созмонҳои ифротии мазҳабӣ, зуҳуроти бегонапарастию тақлид ва таҳдиду хатар ба оинҳои миллӣ, ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла занон суҳбат кардааст (манзур қонунҳои танзими расму анъанаҳои миллӣ, танзими расму анъанаҳои миллӣ ва ғайра аст, ки заминаи ҳуқуқии маъракаҳои маъруфи манъи то 18 – солаҳо аз рафтан ба масоҷид, ҳиҷоб, риш ва ғайраро фароҳам кардаанд).

Натиҷагирии Шафиъи Айёр аз ин суханронӣ ин аст, ки бо вазъи чунин қонунҳо Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст аз дохил шудани «сунани ифротӣ” ва табдил ёфтани Тоҷикистон ба «маркази корзори ҷаҳонӣ” ҷилавгирӣ кунад.

Дар баробари ин, ӯ як суҳбати Ашраф Ғаниро аз маъракаи интихоботиаш меорад. Дар посух ба суоли «Садои Амрико” – «бо Толибону Ҳикматёр, ки амнияти Афғонистонро азбайн бурдаанд, чӣ тур мусолиҳа мекунед?” Ашраф Ғанӣ мегӯяд, марокизу мадориси онҳоро бояд аз хориҷ ба дохили Афғонистон овард, он чӣ хилофи бинишҳои Эмомалӣ Раҳмон аст. Вай мегӯяд, вақте марказу мадориси созмонҳои ифротӣ ва террористӣ ба дохили Афғонистон мекӯчад, онҳо ба ҷуз омода кардани террористону ифротгароён кори дигаре намекунанд (ӯ навори тамринҳои ноболиғон ва наврасон дар урдугоҳҳои созмонҳои террористӣ дар Покистонро пахш мекунад).

Айёр мегӯяд, ду тарзи диди ду раҳбари давлатду натиҷаи мухталифро ба вуҷуд меорад, аз ин лиҳоз, дар Тоҷикистон оромишу пешрафту мусиқист ва дар Афғонистон қатлу куштору инфиҷору «дарёи хун ҷорӣ аст”.

 

Шафиъи Айёр бо истинод ба суханони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манъи маъракаҳои серхарҷ мегӯяд, ки ӯ фикри вазъи оилаҳои нодорро мекунад, то манфиати мардум ва осудагии ҷомиа ба назар гирифта шавад, аммо 5 сол пеш Ашраф Ғанӣ дар посух ба суоли «агар кӯмаки Амрико дар Афғонистон кам шавад, чӣ мекунед?” гуфта буд, ки пеши Чин, Ҳиндустон, Туркия, Иморот, хосатан ходими ҳарамайн (раҳбари Саудӣ меравем) меравем. Рӯзноманигор мегӯяд, манзараҳои хунини қатлу куштори мардуми бечораи Афғонистон натиҷаи ҳамон бинишҳои Ғанӣ аст.

Айёр Ғаниро дастнишондаи шабакаҳои ҷосусии хориҷӣ мехонад ва мегӯяд, вақте дар мамлакати худ гапе барои гуфтан, фикре барои кардан наздорад, аз сӯи ҳамин шабакаҳо ба кишварҳои Осиёи Миёна равон мешавад, то онҳоро ҳам бозӣ бидиҳад, ки биёед, ба домани Инглис, биёед ба домани НАТО, ки бароятон пайса меояд. Вай як навореро аз суханронии Ғанӣ ба Туркманистон пахш карда, мегӯяд: «Бо корҳои зишташ ватани моро ба як ҷаҳаннам табдил карда, шумо бубинед, дар кишвари Туркманистон дар як толори муфашшан, ки ҳама бо колоҳои бисёр зебо нишастаанд, баръакси Афғонистон, ки ҳама бо пероҳани тунбони олудаву гандидаи бӯйнок мешинанд ва инҳо навишта мекунанд ҳар гапи Ғанӣ – раисҷумҳури Афғонистонро. Ин як тарзи тафаккур аст, ки дар Афғонистон ҳукумат мекунад”.

Айёр мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон кишварашро аз марокизи ҷосусии ҷаҳонӣ пок карда, шароити зисту зиндагии мардумро фароҳам сохтааст. Вай як навори суханони Ғаниро, ки гуфтааст, «Агар одам девона набошад, ин корҳои калонро карда наметавонад”, мисол оварда, чунин натиҷа мегирад: «Афғонистон маркази ҷосусии 50 кишвари дунё шуда, бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддири дунё ва кишвари бузургтарин қочоқбарон аст. На фақат худ амният надорем, балки амнияти Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Чин, Ҳинд ва тамоми кишварҳои ҷаҳон, ба шумули Русияро мо дар хатар андохтаем. Кадом корҳои калон? Ин кавдан фикр мекунад, ман бисёр корҳои калон кардам” ва ҷое ҳам мегӯяд: «Ҳуввияти миллии мо хиёнат, тарёк, ватанфурӯшӣ, интиҳорӣ, қатл ва куштор шудааст”.

Дар интиҳо Шафиъи Айёр чунин натиҷагирӣ мекунад: «Ҳамватани азиз, аммо мо тамоми ин кредит (бартарӣ) — ро барои Эмомалӣ Раҳмон намедиҳем, ба мардуми Тоҷикистон медиҳем. Мо минҳайси як мардум маломат (гунаҳкор) ҳастем, ки дасти гадоӣ ба 50 мамлакати берун дароз кардаем. То замоне, ки истод нашавем ва ин мамлакатро озод накунем, вазъи мо ана ҳамин мебошад. Мо як миллати гадо ҳастем, як ҳукумати золим ва нӯкар дорем. Мардуми Тоҷикистон дасти худро дар синаи худ гирифтанд, дасти худро дар сари қалби худ гирифтанд ва ба гадоӣ дароз накарданд. Мардуми Афғонистон дастонашон ина ҳамин тур аст (дароз мекунад), «ҳо парто, о Амрико, о Инглис, о Ҳиндустон, о Покистон”. Гадоӣ! Барои Худо пайса бидиҳед! Мардуми Тоҷикистон инро намекунад. Мардуми Тоҷикистон яке дигарро намекушад. Мардуми Тоҷикистон аз хоинони худ ҳимоят намекунад. Мо минҳайси мардум ҳам маломат ҳастем”.

Шафиъи Айёр фаъоли сиёсӣ, рӯзноманигор ва адиби тоҷики Афғонистон аст, ки замони донишҷӯӣ барои ташкили як иттиҳоди сиёсии донишҷӯён дар Донишгоҳи Кобул аз сӯи режими коммунистӣ зиндонӣ шуда, пас аз озодӣ ба Ғарб кӯч бастааст. Ҳоло дар шаҳри Лос – Анҷелеси Амрико зиндагӣ мекунад. Муаллифи панҷ китоб – «Ҳамосаи имон”, «Панҷолҳои хунин”, «Наврӯзатон беҳрӯз”, «Афғонистон: ҷиҳод ва сулҳ” ва «Мағзҳову дилҳои афғонӣ” аст. Он чӣ ӯро имрӯзҳо ба авҷи шуҳрат расонидааст, «Барномаи Шафиъи Айёр” дар Youtube — у Facebook ва ҳам як барномаи зиндааш дар телевизиони Ориёно – интернешнал аст.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон як чеҳраи хеле писандида миёни тоҷикони Афғонистон аст, ки ба хотири хизматаш дар амри овардани сулҳ дар Тоҷикистон хеле густарда шуҳрат ёфтааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *