Муҳокимаи лоиҳаи «Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ»
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ лоиҳаи «Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ» -ро барои баррасӣ ба ома манзур гардондааст.
КОДЕКСИ
ОДОБИ ВАРЗИШГАР ВА МУРАББӣ
Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кодекс) маҷмўи қоидаҳои рафтори варзишгарон ва мураббиён мебошад, ки хислати ахлоқии фаъолияти касбии онҳоро таҷассум намуда, аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷомеаи шаҳрвандӣ бармеояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Амали Кодекси мазкур нисбат ба варзишгарони ҳаваскор, касбӣ, дараҷаи олӣ, мураббиён ва доварон татбиқ мегардад.
БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ОДОБИ
ВАРЗИШГАР ВА МУРАББӢ
2.2. Кодекси мазкур ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- Поквиҷдонӣ;
- Таҳаммулпазирӣ;
- Росқавлӣ;
- Хоксорӣ;
- Садоқат ба ватану миллат;
- Эҳтироми рақиб ва атрофиён;
- Ҷавонмардӣ;
- Матонат;
- Далерӣ;
- Садоқат ва арҷгузорӣ ба Муқаддасоти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ.
БОБИ 3. ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ ВАРЗИШГАР
- Варзишгар бояд ба урфу одатҳои миллӣ, тартибу интизом, қоидаву қонуни миллату халқиятҳо, таҳамулпазирӣ ва арҷгузорӣ ба Муқаддасоти миллӣ, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар гуруҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба инобат гирифта, ба дустӣ, якдигарфаҳмӣ ва интизому созиш дар дохил ва берун аз кишвар риоя ва мусоидат намояд;
- Варзишгар дар муносибат бояд бо рақибон, доварон, шаҳрвандон, ҳамкасбон, ва мухлисон хушмуомила, поквиҷдон, таҳаммулпазир ва бодиққат бошад;
- Варзишгар аз иштирок дар амалҳое, ки бегуноҳӣ ва шаъну шарафи ў зери шубҳа қарор мегирад, даст кашад;
- Ҳангоми иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ варзишгарон бояд бо либосҳои варзишии муаррификунандаи даста, бо тартиби муаяйншуда, сари вақт ва ҷиддӣ ба чорабинӣ ҳозир гарданд;
- Ҳангоми баромад намудан дар саҳнаи варзишӣ ба таври ҳатмӣ ҳолати гигиении варзишгар аз қабили дар бар доштани либосҳои тоззаи варзишӣ, надоштани мўй ва риши баланд, инчунин нохунҳои дасту пойи баланд риоя карда шавад;
- Барои бонувон ба бар накардани либосҳои хусусияти динӣ дошта (сатр) ҳатми мебошад;
- Эҳтироми ҳатмӣ гузоштан нисбати мураббиёни хеш ва дигар мураббиён;
- Эҳтиром гузоштан нисбати доварон ва хулосаи доварон;
- Худдорӣ намудан аз суханҳои қабеҳ, дашном ва доду фиғони дилхарош, ки мардумро нороҳат ва табъашонро хира месозад;
- Варзишгар бояд дар майдони варзишӣ ё ҷараёни баргузории чорабинии варзишӣ ба ҳар гуна ишораҳои иғвоангез (провокатсия) роҳ надиҳад;
- Ба вуҷуд наовардани ҳолатҳои муноқишавӣ дар майдони варзишӣ (майдонҳои варзишии бозиҳои даставӣ – футбол, волейбол, баскетбол, чавгонбозӣ, туби дастӣ; майдони якҳарбаҳои шарқӣ ринг – кикбоксинг, бокс, ММА, К-1, UFC; майдони гўштин ва ѓ.);
- Ҳангоми ҷоизасупорӣ варзишгар бояд ҳатман ба зиннаи фахрӣ новобаста аз мавқеи ишѓолнамудааш барояд.
- Ҳангоми риоя накардани қоидаҳои рафтори варзишгар барои варзишгарон ҷазои интизомӣ дар шакли маҳрум намудан аз иштирок дар тамоми чорабиниҳои варзишӣ татбиқ карда шавад.
- Барои варзишгароне, ки дар як намуди варзиш қоидаҳои рафторро вайрон менамоянд, дар асоси хулосаи Комиссияи одоб аз иштирок дар ҳама гуна намудҳои варзиш маҳрум карда шаванд.
БОБИ 4. ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ МУРАББӢ
4.1 Иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои базиммагузошташуда, махсусан масъулият, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, таҳаммул, фидокорӣ, ватандўстӣ, инчунин талаботҳои муқарраргардида аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
4.2 Муррабӣ мисли варзишгар бояд ба урфу одатҳои миллӣ, тартибу интизом, қоидаву қонуни миллату халқиятҳо, таҳамулпазирӣ ва арҷгузорӣ ба Муқаддасоти миллӣ, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар гуруҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба инобат гирифта, ба дустӣ, якдигарфаҳмӣ ва интизому созиш дар дохил ва берун аз кишвар риоя ва мусоидат намояд;
- Муррабӣ дар муносибат бояд бо варзишгарон, доварон, шаҳрвандон, ҳамкасбон, ва мухлисон хушмуомила, поквиҷдон, таҳамулпазир ва бодиққат бошад;
- Муррабӣ аз иштирок дар амалҳое, ки бегуноҳӣ ва шаъну шарафи ў зери шубҳа қарор мегирад, даст кашад;
- Ҳангоми иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ, муррабӣ бояд бо либосҳои варзишии муаррификунандаи қоидаҳои муайяншудаи либоси муррабӣ ё довар, бо тартиби муаяйншуда, саривақт ва ҷиддӣ ба чорабинӣ ҳозир гардад;
- Ҳангоми доварӣ ва намояндагӣ намудан дар саҳнаи варзишӣ ё чорабии хусусияти варзишӣ, оммавӣ ва солимгардонӣ дошта, ба таври ҳатмӣ ҳолати гигиении варзишгар аз қабили дар бар доштани либосҳои тозза, надоштани мўй ва риши баланд, инчунин нохунҳои дасту пойи баланд риоя карда шавад;
- Барои муррабиён ва довароне, ки бонувон мебошанд, ба бар кардани либосҳои хусусияти динӣ дошта (сатр) манъ мебошад;
- Эҳтироми ҳатмӣ гузоштан нисбати мураббиён ва доварон;
- Эҳтиром гузоштан нисбати хулосаи доварон ва сардовари чорабинии варзишӣ ё намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- Худдорӣ намудан аз суханҳои қабеҳ, дашном ва доду фиѓони дилхарош, ки мардумро норохат ва табҳашонро хира месозад;
- Муррабӣ ё довар бояд дар майдони варзишӣ ё ҷараёни баргузории чорабинии варзишӣ ба ҳар гуна ишораҳои иѓвоангез (провокатсия) роҳ надиҳад;
- Ба вуҷуд наовардани ҳолатҳои муноқишавӣ дар майдони варзишӣ (майдонҳои варзишии бозиҳои даставӣ – футбол, волейбол, баскетбол, чавгонбозӣ, туби дастӣ; майдони якҳарбаҳои шарқӣ ринг – кикбоксинг, бокс, ММА, К-1, UFC; майдони гўштин ва ғ .);
- Ҳангоми маросими оѓоз ва анҷоми чорабинии варзишӣ, муррабӣ ё довар бояд ҳатман дар ҷараёни он бо тартиби муайяншуда иштироки фаъолона намоянд;
- Ҳангоми баргузории машқу тамринҳо мураббӣ бояд бодиқкат буда, дар гуфтори ў суханони қабеҳ ҷой надошта бошанд;
- Дар мавриди машқу тамринҳо таваҷҷуҳи мураббӣ ба ҳолати гигиении варзишгарон ҷиддӣ ҷалб карда шавад;
- Дар мавриди баргузории чорабиниҳои варзишӣ, оммавӣ ва солимгардонӣ ба суханон ва ишораҳои иѓвоангез роҳ надиҳад;
- Норозигии худро ҳангоми баргузории сабқатҳо танҳо тариқи хаттӣ ба шахси масъул пешниҳод намояд;
- Тарбияи дастпарварони худро дар роҳи гузоштани эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, давлату миллат, ватандўстӣ, худшиносӣ, касбият, варзишарон, мураббиён ва доварон амалӣ намояд;
- Ҳангоми риоя накардани қоидаҳои рафтори муррабӣ ё довар, варзишгарон дар асоси хулосаи Комиссияи одоби варзишгар ва муррабӣ ҷазои интизомӣ дар шакли маҳрум намудан аз иштирок дар тамоми чорабиниҳои варзишӣ ва тартиби дигаре, ки қонун муайян намудааст, татбиқ карда шавад.
БОБИ 5.НАЗОРАТИ РИОЯИ КОДЕКСИ ОДОБ, ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ ОИД БА ОДОБ
- Назорати риояи Кодекси мазкур аз тарафи Комиссия оид ба одоб амалӣ карда мешавад.
- Комиссия оид ба одоб бо фармоиши (қарори) роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи варзиш дар ҳайати раис, муовин, аъзоёни Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумита, ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи варзиш, федератсияҳо, клубҳо, ассотсиатсияҳо, аъзоёни комиссия, ки иборат аз 5-7 нафар, аз ҷумла котиби масъули комиссия (бо ҳуқуқи овоз додан) мебошанд, таъсис дода мешавад. Роҳбари мақомоти давлатӣ ё муовини ў ба ҳайси раиси комиссия интихоб карда мешавад.
- Ба ҳайати комиссия оид ба одоби варзишгар ва мураббӣ мутахассисони соҳибтаҷриба, масъулини соҳа, коршиносон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи варзиши мамлакат ва берун аз он низ шомил шуда метавонанд.
- Комиссия оид ба одоби варзишгарон ва мураббиён дар се моҳ 1 маротиба ва аз рўи зарурат ҷаласа доир менамоянд.Ҷаласаи комиссия дар он ҳолат салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду ҳайати он иштирок дошта бошанд.
- Қарори комиссия оид ба одоби варзишгар ва мураббӣ дар ѓоибии варзишгар ё мураббӣ ё дар ҳузури бевоситаи онҳо бо овоздиҳии аксарияти иштироккунандагони ҷаласа қабул карда мешавад. Ҳангоми баробар будани овозҳо овози раиси комиссия ҳалкунанда ҳисоб меёбад.
Ба салоҳияти комиссия оид ба одоб дохил мешавад:
- Амалӣ намудани назорати иҷрои муқаррароти Кодекси мазкур дар тамоми сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи варзиши кишвар;
- Машварат додан ба варзишгарон ва мураббиён барои масъалаҳои марбут ба одоб;
- Барои муайян кардани ҳолатҳои вайрон шудани Кодекси мазкур ва бархурди манфиатҳо гузаронидани санҷиш, омўзишҳо ва семинару тренингҳо;
- Баррасии мавод оид ба ҳолатҳои вайрон намудани Кодекси мазкур аз ҷониби варзишгарон ва мураббиён ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи варзиш, ташкилотҳои система ва сохторҳои маҳаллии он;
- Гирифтани баёноти шифоӣ ва хаттӣ аз варзишгарон ва мураббиён;
- Ҷалб намудани ташхисгарон, мутахассисон ва кормандони дахлдори мақомоти давлатӣ барои додани хулоса;
- Бекор намудани (таѓйир додани ) қарорҳои худ.
БОБИ 6.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Ҳангоми дар амалҳои шахс мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё интизомӣ маводи дахлдор бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати қабули қарори дахлдор ирсол карда мешавад.
P.S. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ лоиҳаи мазкурро бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои фаъолияти варзишӣ, махсусан одобу қоидаҳои варзишгарон таҳия намуда, аз кормандони муассисаҳои варзишӣ, коршиносон ва мухлисону ҳаводорони варзиш низ даъват ба амал овардааст, ки бахри мукаммал кардани Кодекс таклифу пешниҳодҳояшонро дареғ надоранд.
Аз хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва мухлисону дастандаркорони варзиш хоҳиш менамоем, ки фикру дархостҳои худро тариқи почтаи электронии «tojikistontims» ё «pressa.tj», телефони 2385451 ва 985508019 (Назаров Эмом- масъули варзиш) ирсол намоед. Ҳамчунин, таклифу дархостҳоятонро метавонед ба почтаи электронии [email protected] ё тариқи телефонҳои 2363166 (Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши КҶВС) пешниҳод намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ