Муқовимат ба коррупсия вазифаи аҳли ҷамоатчигист
13 декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бо иштироки сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода ва сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Абдукарим вохӯрӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.
Чорабиниро муовини ректори донишкада, дотсент Ҷабборов Б.Б. ифтитоҳ намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои коррупсионӣ ва муҳтавои он дар донишкада маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Нақша — чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, «Барномаи зиддикоррупсионии Вазорати маориф барои солҳои 2013-2020» ва «Нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармоиши Вазири маориф ва илм аз 29.11.2013, №2964 тасдиқ гардида, ҷиҳати ба амал татбиқсозӣ корҳои муайяне анҷом дода шудааст. Нақшаи муқовимат ба коррупсия дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат барои соли таҳсили 2015-2016 роҳандозӣ карда шудааст. Тибқи нақшаи донишкадавии муқовимат ба коррупсия тамоми сохторҳои донишкада нақша-чорабиниҳоро тарҳрезӣ намуда, мавриди амал қарор доданд. Дар доираи татбиқи ин нақша санаҳои 08-12-уми декабри соли равон дар тамоми сохторҳои донишкада вохӯрии мушовири бахши ҳуқуқии донишкада Ойев Х. ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷабборов Б.Б. бо устодону донишҷӯён доир карда шуд. Дар ин мулоқотҳо мавзуъҳои волоияти қонун, мубориза ба коррупсия ва пешгирии он, ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати мубориза бо ҳолатҳои характери коррупсионидошта матраҳ гардиданд.
Дар идомаи чорабинӣ Сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Абдукарим ба сухан баромада, атрофи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», мафҳумҳои асосии марбут ба коррупсия ва муқовимат бо он изҳори андеша намуд. Номбурда қайд намуд, ки ҷиҳати ошкорсозӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои ба зуҳуроти коррупсионӣ мусоидаткунанда, оқибатҳои номатлуби зуҳуроти характери коррупсионидошта пайваста чорабиниҳои судманд доир карда мешаванд.
Сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода дар суханронии хеш иброз дошт, ки омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки боиси надониста даст задан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мегарданд. Аз ҷумлаи ин омилҳо ин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. ӯ соҳаи маорифро таҳкурсии муҳташами созандагӣ ва рушду нумӯи ояндаи давлатдорӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҷавонони муҳассил бояд баҳри аз байн бурдани қонуншиканӣ, бартараф намудани омилҳои таҳкимдиҳандаи даст задан ба ҷиноят, махсусан ба ҷиноятҳои хусусиятҳои коррупсионидошта, дар сафи пеш қарор дошта бошанд.
Дар поёни чорабинӣ миёни меҳмонон ва устодону донишҷӯён суҳбати хоса сурат гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ