Муҷозоти 23 пулис дар пайи куштори духтари 20 сола

Вазорати умури дохилии Қирғизистон санҷиши дохилиро дар робита ба куштори Бурулай Турдаалӣ қизии 20-сола дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайил ба поён расонд. Яке аз муовинони сардори шуъба барканор ва якеи дигар ба иҷрои номуносиби вазифаи хидматӣ айбор шуд.

Ҳамчунин муфаттиши шуъбаи пулиси Жайилро ба хотири сари вақт баррасӣ накардани ариза дар бораи дуздида шудани духтар, ки боиси куштори ӯ ва паст гардидани обурӯи кормандони пулиси қирғиз шуд, аз мақомаш барканор карданд.

Сардори бахши назорати роҳҳо ва сарнозири қисми навбатдори шуъбаи мазкур аз мақомҳои худ барканор шуда, як қатор кормандони дигар танбеҳ гирифтанд. Дар натиҷаи санҷиши дохилии мазкур ҷамъан 23 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҷозот шуданд.

Натиҷаҳои санҷиш барои баҳои ҳуқуқӣ додан ба додситонӣ ирсол шудааст. Додситонии ноҳияи Жайил низ зидди кормандони шуъбаи пулис бо банди «Хунукназарӣ» парвандаи ҷиноӣ боз карда, идомаи тафтишотро Идораи амнияти ноҳия анҷом хоҳад дод.

27 май дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайили вилояти Чуй Бурулай Турдаалӣ қизӣ аз захми корд ҷон бохт. Духтарро марде корд зад, ки ба хотири издивоҷ ӯро дуздида буд. Ин мард баъдан худро низ захмӣ кард ва ҳоло дар шуъбаи эҳёгарӣ табобат мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *