Муҷозоти 6 мансабдор дар ҷӯйбори об
Дар бахши ӯзбекии шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи аксе баҳс мекунанд, ки шаш мард дохили ҷуйбори об рост истодаанд. Шоҳидони огоҳ мегӯянд, ҳодисаи мазкур дар ҳудуди хоҷагии кишоварзии «Абдуносир Ғулом» дар ноҳияи Оққурғони вилояти Тошканди Ӯзбекистон рух додааст.
Ба иттилои як манбаъ, се тан аз шаш марди дохили ҷуйбор мансабдорони ҳукумати Оққурғон, як тан оқсақоли маҳаллӣ ва ду нафари дигар кишоварз ҳастанд. Манобеъ мегӯянд, ин акс 25 октябр дар рӯзи сафари ноиб-сарвазири Ӯзбекистон ба ноҳияи мазкур бардошта шудааст.
Яке аз шоҳидон нақл кард, ки ҳамаи шаш мард ба хотири об надодани заминҳои гандум ба ин тартиб ҷазо гирифтаанд. Ба гуфтаи ин шоҳид, ҷазо дар мазҳари ом — дар ҳузури ноиб-сарвазир ва инчунин роҳбарияти вилояти Тошканду ноҳияи Оққурғон сурат гирифтааст. Шоҳиди ҳодиса мегӯяд, шаш мард дохили ҷуйбори оби сард 40-45 дақиқа рост истода, баъдан бо либоси тар дар кӯчаҳо қадам задаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ