Муҷозоти Комроншоҳ + «Қоидаҳои одоби варзишгар» + Мавзуна Чориева

 Азбаски гузориши муфассали натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони васоити ахбори омма хаттӣ дастрас  шуда буд, раиси кумитаи мазкур Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки омода аст дар давоми вақти нишасти матбуотӣ ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб бидиҳад. Рӯзноманигорон раисро вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш саволборон карданд.

Бояд таъкид намуд, ки  бештари саволҳо мушкилоту масъалаҳои   соҳаи варзишро фарогир буданд. Ва, пеш аз ҳама, ба фаъолияти варзишии чемпиони дукаратаи  Осиё Комроншоҳи Устопириён, ки барои рафтори номатлубаш дар ҷамъбасти мусобиқаи наврӯзии соли равон аз тарафи гурӯҳи кории  Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш ба маҳрумияти дусола аз иштирок дар мусобиқаҳои дохилии  кишвар муҷозот шудааст, дахл дошт. Рӯзноманигорон аз  Аҳтам Абдуллозода даъват ба амал оварданд, ки бинобар дастовардҳои нави варзишӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Кумита муҷозоти ин варзишгари маъруфро сарфи назар намояд. Аҳтам Абдуллозода посух дод, ки  ҳалли ин масъала дар ихтиёри вай нест.

-Муҷозоти Комроншоҳро гурӯҳи кории  Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш муайян намудааст, на ман, — изҳор дошт Аҳтам Абдуллозода. – То имрӯз аз ҷониби худи Комроншоҳ ва мураббиаш  Усто Устопириён дар ин бобат  ба мо ягон эътирознома нарсидааст. Онҳо метавонанд дар асоси талаботи қонунгузорӣ аз болои ин амали гурӯҳи корӣ шикоят пешниҳод намоянд. Шояд дар ин суръат аъзои гурӯҳи корӣ муҷозоти Комроншоҳро бекор намояд».

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъкид намуд, ки “варзишгарон бояд бо гуфтор, рафтор ва ҳаракатҳои худ намунаи ибрат бошанд. Шахсе, ки муаррифигари миллат аст, масъулияти одоби баланд, рафтори зебо дошта бошад”.

Аҳтам Абдуллозода ба саволи хабарнигори мо дар бораи натиҷаи муҳокимаи лоиҳаи «Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ», ки дар миёни мутахассисони соҳаи варзиш ва масъулони сохторҳои маҳаллии кумита давоми ду моҳ мавриди муҳокима сурат гирифт, посух дод:

— Мутаассифона, дар муҳокимаи лоиҳа ягон намояндаи всоити ахбори омма  саҳм нагирифтанд. Аммо новобаста ба ин таклифу пешниҳодҳо ба унвони  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бисёр расиданд. Дар асоси ин ҳама лоиҳа  «Қоидаҳои одоби варзишгар, мураббӣ, довар ва дигар кормандони соҳаи варзиш» ном гирифтааст.

Вобаста ба фаъолияти минбаъдаи  ҷоизадори Олимпидаи Лондон-2012 муштзанбону Мавзуна Чориева Абдуллозода хеле самимӣ ба забон овард:

-Ҳар як варзишгар лаҳзае аз майдони варзиш бо мухлисонаш хайрухуш мекунад, ки худаш қувват, имконият ва фаъолияти минбаъдаи варзишияшро таҳлил кардааст. Мушкилтарин ва пурэҳсостарин ҳолат ба андешаи ман хайрухуш кардан бо мухлисон ва тарки майдони варзиши касбӣ кардан аст. Мавзуна Чориева айни замон дар мақоми мудири шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор мекунад ва минбаъд фаъолияташро баҳри рушди варзиши касбӣ дар Кумитаи мазкур идома хоҳад дод. Мавзуна Чориева дар назди миллат хизматҳои шоён кардааст ва аз тамоми имтиёзҳои мавҷудаи ҳукумат бархӯрдор мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *