Муаллифи «Марги судхӯр» 140 -сола мешавад

Садриддин Айнӣ, муаллифи образҳои Қорӣ-ишкамбаи судхӯр ва Одинаи мардикор, рӯзи 15-уми апрел 140-сола мешавад. Бо гузашти беш аз сад сол аз замони эҷоди ин асарҳо, ҳанӯз мавзӯи қорӣ-ишкамбаву одинаҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон куҳна нашудааст.

Мақомот низ дар остонаи таҷлил аз 140-солагии Садриддин Айнӣ тасмим гирифтаанд, ки осори сардафтари адабиёти Шӯравии тоҷикро дубора нашр кунанд. Куллиёте, ки шомили «Марги судхӯр»-у «Одина», «Ёддоштҳо»-ву «Ғуломон» буда, таърихи мардуми тоҷикро дар қарни 19 ва аввали асри 20 бозгӯ мекунад.

Рӯзи 10-уми апрел бахшида ба таҷлил аз 140-умин солгарди таваллуди поягузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар Душанбе омодагиҳои расмӣ шурӯъ шуд. Дар Иттиҳоди адибони Тоҷикистон бо иштироки пажӯҳигарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва кишварҳои ғарбӣ нахустин конфоронси илмӣ дар бораи эҷодиёти ин қаҳрамони Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Садриддин Айнӣ ба унвони мубтакирони аслии истиқлоли кишвар дар қарни гузашта тавсиф кард. Ӯ гуфт, бозсозии осорхона бо дастури президент сурат гирифтааст.

«Саҳми Садриддин Айнӣ дар дастёбии тоҷикон ба истиқлол хеле бузург аст. Зеро маҳз устод Айнӣ ба ҷаҳониён ва раҳбарияти ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравии собиқ тавонист зарурати ташкили ҷумҳурии ҷудогонаи Тоҷикистонро собит созад. Омӯзиши осори адабии устод Айнӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар заминаи дарёфти ҳуввияти миллӣ зарур аст», — афзуд ӯ.

Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бухоро таваллуд шуда, бештаре аз ҳаёти худро дар шаҳри Самарқанд гузарондааст ва дар ин шаҳри бостонӣ қисми зиёде аз осори мондагори худро навиштааст. Зимнан, хона-музеи Айнӣ дар Самарқанд ҳам баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон аз нав барқарор мешавад.

Моҳшариф Табарова, сармуҳофизи бойгонии Садриддин Айнӣ 10-уми апрел гуфт, онҳо аз бойгонии қаҳрамони Тоҷикистон баъзе навиштаҳоро ба забони ӯзбекӣ ва ба хатти форсӣ пайдо кардаанд, ки ҳамакнун пешкаши ҷомеа мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *