Муаллифи пули миллӣ. Дар сӯги Вафо Назаров, наққоши барҷаста ва инсони вораста
Вафо Назаров, рассоми халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ субҳи рӯзи ҷумъаи 12-уми январ дар 83-солагӣ даргузашт. Иллати марги ӯ исти қалбӣ гуфта шуда. Намози ҷанозаи ӯро дар масҷиди нави шаҳри Душанбе хонданд ва пайкарашро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд.
Зиндагинома
Вафо Назаров 6-уми майи соли 1940 дар деҳаи Девдараи ноҳияи Шӯроободи вилояти вақти Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 1955-1960 дар Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе ва баъдтар, дар солҳои 1966-1972 дар Донишкадаи театр, мусиқӣ, синамо ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербург (Ленингради собиқ) таҳсил кардааст. Вафо Назаров сарнавишти худро бо Қурбоной Назарова пайваст, ки мисли ӯ тарбиятгирифтаи Хонаи бачагон аст. Ҳосили умри онҳо фарзандонашон Шаҳлою Табриз ва чанд набера мебошад.
Корнома
Он гуна ки дар корномаи ӯ омада, Вафо Назаров ҳамчун рассом-таҳиягари Телевизони Тоҷикистон (1960-1963), саррассоми студияи Телевизони Тоҷикистон (1972-1981), раиси Фонди бадеии Тоҷикистон ва муовини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон (1981) фаъолият кардааст. Вафо Назаров узви Иттифоқи рассомони ИҶШС (1968), Иттифоқи кинематографистони ИҶШС (1973) ва Иттифоқи журналистони ИҶШС (1984) буд. Соли 1996 ӯро ба узвияти Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО пазируфтанд. Соли 1997 муовини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва раиси Бунёди рассомони Тоҷикистон баргузида шуд. Дар соли 2006 саррассоми ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб буд. Соли 2009 раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон шуд. Соли 2011 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Вафо Назаров узви ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Аз абр нола хезад рӯзи видоъи ёрон
Субҳи рӯзи ҷумъа хабари даргузашти Вафо Назаровро аз Заур Дахте, филмбардор ва аккоси шинохта ва Абдуғаффори Абдуҷаббор, нависанда ва драматурги соҳибном шунидам. Ин ду тан аз дӯстони қадимӣ ва қадрдони Вафо Назаров буданд. Вақте ба назди хонаи марҳум, ба маҳаллаи 46-и пойтахт расидам, даҳҳо нафар аз аҳли фарҳангу адаб ва дӯстону пайвандони Вафо Назаров он ҷо гирди ҳам омада буданд, то бо як наққоши бузург ва инсони зиндадилу маҳфилоро видоъ кунанд.
Маросими видоъ
Соати ёздаҳ тобути Вафо Назаровро дар саҳни биное, ки солиёни зиёд бо хонаводааш дар он ҷо зиндагӣ мекард, гузоштанд. Нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор дар оғози маросими видоъ гуфт, ки Вафо Назаров бо амри тақдир дар наврасӣ аз дидору меҳрубонӣ ва навозиши падару модар маҳрум шуд ва дар Хонаи бачаҳо тарбият гирифт. Ӯ баъд аз фориғ шудан аз мактабу омӯзишгоҳ ва донишкада ба ташаккули дунёи маънавӣ ва ҳунариаш машғул шуд ва беш аз шаст соли умри бобаракати худро барои рушду камоли ҳунари наққошӣ бахшидааст.
Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, профессор Иброҳим Усмонов, Сабзаалӣ Шариф, наққоши мардумии Тоҷикистон, Абдулҳамид Самад, нависандаи мардумии Тоҷикистон ва Заур Дахте, филмбардор ва аккоси маъруф зимни суҳбат дар маросими видоъ аз ҷойгоҳи Вафо Назаров дар ҳунари наққошӣ ва вежагиҳои шахсияти ӯ ёдовар шуданд. Даргузашти ин марди ҳунар талафоти ҷуброннопазир барои фарҳангу ҳунари тоҷикон хонда шуд.
Ошноӣ бо Вафо Назаров
Дар оғози даҳаи 2010 дар яке аз маҳфилҳои зодрӯзи устод Заур Дахте бо Вафо Назаров ошно шудам. Ин ду нафар ҳамдигарро “брат”, яъне бародар садо мекарданд. Шояд ба хотири он ки ҳар ду дар Хонаи бачагон ба камол расида буданд ва қадри дӯстию бародариро медонистанд. Вақте ки қарор шуд дар бораи оқои Дахте ва корномаи ҳунарии ӯ барои телевизиони форсии Би-би-сӣ мустанаде таҳия кунам, ба ёди дӯсти наққоши ӯ афтодам. Пайдо кардани коргоҳи эҷодии Вафо Назаров мушкил набуд. Суҳбати мо пиромуни ҳунари филмбардорӣ ва аккосии Заур Дахте буд. Ба иқрори худи оқои Дахте, ӯ аз Вафо Назаров вежагиҳои кори аксбардориро ҳам омӯхтааст. “Ман таркиббандии кодр (композитсия) ва чашмандоз (перспектива) дар аккосиро аз Вафо Назарович ёд гирифтаам. Ӯ рассоми маъруф буд ва дониши фарох дошт. Мо ҳамеша дар мавриди тоблуҳои наққошии ӯ ва аксҳои ман баҳсу гуфтугу мекардем”,- мегӯяд Заур Дахте.
Агар ман намонам дар ин рӯзгор
Заур Дахте дар рӯзи видоъ бо дӯсти ҳунармандаш аз бузурге ёд кард, ки гуфта:
Агар ман намонам дар ин рӯзгор,
Бимонад зи ман номи ман ёдгор.
“Вафо Назаров ҳарчанд моро тарк кард, аммо осораш мемонад ва мо ҳамеша ӯро ёд мекунем.Ӯ дар дили мо зинда хоҳад буд”,- мегӯяд З. Дахте.
Сабзаалӣ Шариф, Рассоми халқии Тоҷикистон нақшу ҷойгоҳи Вафо Назаровро дар рушди санъати тасвирӣ, аз ҷумла дар театр, синамо, телевизион ва ороиши макони тадобиру нишастҳои сатҳи давлатӣ боарзиш медонад. Ба гуфтаи Сабзаалӣ Шариф, мардуми эҷодгар умри дарозу ҷовидона доранд. Ӯ бовар дорад, ки “то вақте осори Вафо Назаров барои мардум зарур аст, ӯ дар ёди онҳо боқӣ хоҳад монд”. Сабзаалӣ Шариф рӯзи даргузашти Вафо Назаровро рӯзи мотами рассомони тоҷик хонд.
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон гуфт, ки ҳарчанд Вафо Назаров парвардаи ятимхонаҳои замони шӯравӣ буд, азоби бекасирро кашид, аммо бо талошу заҳматҳои зиёд тавонист як рассоми шинохта ва машҳур шавад.
Намоиши осори Вафо Назаров ба ҷуз аз Тоҷикистон, дар 43 кишвари дунё баргузор шуда. Ҳоло асарҳои ин наққоши тоҷик дар осорхонаҳои беш аз 20 кишвар ва коллексиюнҳои шахсӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё маҳфуз ҳастанд. Саҳми Вафо Назаров дар ороиши Кохи Сомон, Кохи Наврӯз ва маҷмаъи Истиқлол дар шаҳри Душанбе ҳам муҳим хонда мешавад.
Тарҳи пули миллӣ ва парчам
Ба гуфтаи Олим Рабизода, раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон нақши дастони Вафо Назаровро дар рӯи искиносҳои 3-сомонӣ, 200-сомонӣ ва 500-сомонӣ, воҳиди пули миллии Тоҷикистон ҳам мешавад дид. Акси Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар рӯйи 10-сомонӣ ҳам амали дасти Вафо Назаров аст.
“Рӯи 3-сомонӣ тасвири Шириншо Шотемур, рӯи 200-сомонӣ тасвири Нусратулло Махсум ва рӯи 500-сомонӣ тасвири устод Рӯдакӣ ҳаст ва мо ороиши ин воҳидҳои пулиро ҳамроҳи устод Вафо Назаров анҷом додем”,- мегӯяд ӯ.
Вафо Назаров узви коммиссияе ҳам буда, ки дар оғози даҳаи 1990 тарҳи парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия кардааст.
Подоши умр
Вафо Назаров соли 1997 соҳиби унвони ифтихории Рассоми халқии Тоҷикистон шуд. Соли 2002 барои силсилаи осори наққошиаш ба номи “Диёри Нозанинам — Тоҷикистон” барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ шуд. Ҳамчунин соли 2010 ба ӯ унвони ифтихории академики Академияи мусаввирии Тоҷикистонро доданд. Соли 2005 бо нишони “Дӯстӣ” сарфароз гардид. Вафо Назаров ҳамчунин барандаи Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” (“Звезды Содружества”) дар соли 2015 аст.
Бидуни шак осори мондагори Вафо Назаров ва шахсияти нотакрори ӯ номашро дар хотираи мардуми тоҷик ҳамеша зинда нигоҳ хоҳад дошт. Бидуни шак, “Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст…”.
Суҳроби ЗИЁ,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ