Муаллима ҳамсояаашро кушт
Дилором Нинарова, омӯзгори 29-сола дар деҳаи Султонободи ноҳияи Шаҳритус, бо гумони захмӣ кардани ҳамсояаш Насиба Ҳусайнова ва қатли модари ӯ Гулнора Ҳусайнова боздошт шуд.
Прокуратураи ноҳияи Шаҳритус рӯзи 11-уми июн гуфтааст, ки алайҳи Нинарова бар асоси моддаҳои “тайёрӣ ба ҷиноят”, “сӯиқасди ҷиноят” ва “куштор” парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.Дар ҳукумати ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон гуфтаанд,ки куштор дар заминаи баҳси замин ва буридани шохи дарахтони якдигар рӯзи 8-уми июн рух додааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ворид шудани чорво ба замини ҷуворимакка аз сабабҳои дигари муноқишаи ҳамсояҳо буд.Насиба Ҳусайнова ҳамроҳи модараш Гулнора Ҳусайнова, сокини панҷоҳсолаи ҷамоати “Гидра”, бегоҳи 8-уми июн вориди хонаи Дилором Нинарова шуда, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. “Байни онҳо ва шавҳари Дилором Нинарова ҷанҷол сар мезанад. Дар ин ҳолат муаллима ба гардани Гулнора Ҳусайнова ду корд задааст. Ӯ ҳамон шаб дар бемористон ҷон дод. Насиба Ҳусайнова захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ аст”, — гуфттааст намояндаи мақомот .Баҳси Дилором Нинарова ва Насиба Ҳусайнова, ду ҳамсояи девор ба девор, куҳна будааст. Бо гузашти солҳо ҳамсояҳо барои ҳалли мусбати қазия забон наёфта буданд.Дилором Нинарова соҳиби се фарзанд буда, ҳашт сол собиқаи корӣ дорад. Вай омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби рақами 14-и деҳаи Султонобод аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ