Муаллима шогирдашро бо кафш заду кафшашро пеш гузоштанд

Омӯзгори Коллеҷи касбии шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Ӯзбекистон Зебо Нафасова ба далели истифодаи нерӯи физикӣ нисбати хонанда, 14 апрел аз мақом барканор шуд.

Навори латту кӯби хонандаи 17-сола аз сӯи омӯзгори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро ба бор овард. Санҷиш нишон дод, ки ин ҳодиса рӯзи 12 апрел сурат гирифтааст.

Дар навор дида мешавад, ки омӯзгор пойафзолашро ба дар мекунад ва ба рӯи хонанда мезанад. Омӯзгор хонандаро ба он хотир танбеҳ медиҳад, ки вай дар дарсҳо ширкат намеварзад.

Салоҳидди Санақулов, як масъули вазорати таҳсилоти оливу миёнаи иҷтимоии Ӯзбекистон гуфт, Зебо Нафасова аз мақом барканор шуд.

Дар ҳамин ҳол, модари хонандаи 17-солаи коллеҷ мегӯяд, рафтори омӯзгор нисбати фарзанди вай дуруст буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *