Муаллимаи шавҳардузд

Солҳои мактабхониям бо Алфира ном духтарак дугонаҳои ҷонӣ будем. 11 соли хонишро дар паси як миз сипарӣ намуда, ҳарду аз паси бахту зиндагӣ шудем.

Ман баъди хатми мактаб ба шавҳар баромадам, Алфира бошад ба Донишгоҳи славянӣ дохил шуд ва ҳоло дар мактаби назди хонаашон муаллимаи забони русӣ шуда кор мекунад. Як ҳафта пеш ба хонаамон меҳмонӣ рафтам ва хоҳарамро ба назди Алфира равон кардам, ки ба наздам ояд, то давраҳои кӯдакиамонро ба ёд оварда, каме ғами дилро барорем. Алфира хоҳиши маро дар замин намонда омад. Ду дугонаи ҷонӣ хеле аз ину он суҳбат кардем. Алфира аз ман шодиёна гирифт, ки фотиҳа шудааст ва маро ба тӯйи арӯсиаш, ки рӯзи 20 август барпо мегаштааст, даъват кард. Хурсанд шудам, ки дари бахти дугонаи ҷониам кушода шудааст, вале баъди рафтани Алфира қиссаи ишқу ошиқиашро аз забони пайвандонам шунидаму ҳуш аз сарам парид.  Ҷавоне, ки бо Алфира издивоҷ мекунад, зану фарзанд доштааст. Намедонам дугонаамро чӣ ҷин задааст, ки дидаю дониста, риштаи тақдирашро бо як марди булҳаваси фарзандбезор пайвастан мехоҳад. Ин муаллимаи хонасӯз падарро аз фарзанд ҷудо  карда истодааст, фардо вай чӣ хел бачаҳои дигаронро тарбия медиҳад? Алфира гумон дорад, ки як занеро бадбахт намуда, хушбахт мешавад, вале дар пояи бадбахтии дигарон қасри бахт сохтан номумкин аст. Оҳи зану фарзандони бегуноҳи ин мард як рӯз не, як рӯз ӯро мегирад.

Аз минбари ин сомонаи серхонандатарин ба дугонаам гуфтаниям:

Алфира, шунидам, ки ту ба сари зани он мардак рафта, ҷангу ҷанҷол кардаӣ, ки аз хона баромада рав, шавҳарат маро дӯст медорад. Дилат чӣ хел шуд, ки як ҷавонзани бегуноҳро бо кӯдаки ширхорааш аз хонаи шавҳараш берун кунӣ?! Магар виҷдонат азоб надод, ки чунин суханонро ба забон овардӣ? Фаромӯш накун, ки ин дунё дунёи қасос аст ва ҳарчи кардӣ, хоҳ нек бошад, хоҳ бад, ҳатман ба ту бармегардад. Имрӯз ту зани он мардро бо фарзандаш аз дар берун кардӣ, баъди чанд сол духтари маккораи дигаре пайдо мешавад, ки кафшҳои туро пеши поят монда, ба пуштат ду лагад зада, аз дарвоза берун мекунад. Ҳоло ҳам вақт ҳаст, нағзакак андеша карда, аз баҳри ин марди зандор гузар, вагарна сиёҳбахт шуда, аз кори кардаат сахт пушаймон мешавӣ!

Мавзуна, дугонаи ҷониат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *