Муаллими «аттестатфурӯш» ба даст афтод

Дар шаҳри Бӯстон  омӯзгори Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд С.М. бо гуноҳи фурӯши шаҳодатномаи хатми мактаб боздошт шудааст.

Ӯро дар натиҷаи муроҷиати як шаҳрванд ба Агентии зидди ришва дастгир кардаанд. Омӯзгор С.М барои омода карда додани шаҳодатномаи хатми мактаб барои синфи 11 ҳазор доллар талаб карда, аз ин маблағ 500 долларашро гирифта, овардани боқимондаи дигарашро талаб кардааст.

«Дар натиҷа, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, С.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи пулии 500 доллари ИМА боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд», — афзудааст дафтари матбуотии Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, нисбати С.М. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в, г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *