Муаллимони бехона зимистони имсоларо бо фарзанди маъюб чӣ гуна сипарӣ мекунанд?
Ба таваҷҷуҳи раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан
Дар деҳаи Бохтемури ноҳияи Темурмалик ҳамагӣ ду муаллим — зану шавҳар Ихбол Зикирова ва Худойдод Набиев зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, вале одитарин шароити зистро надоранд. Эҳтимол зимистони имсол манзили зисташон ба рӯйшон чаппа мешавад…
Умеди охирин
Ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” зани афсурдаву азияткашидае бо муроҷиат омад.
— Ман аз роҳи дур, аз ноҳияи Темурмалик омадам. Умеди охирини ман “Тоҷикистон” аст. Ба ман гуфтанд, ки ҳар мушкиле дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашр мешавад, зуд бартараф мешавад…
Ин занро қадре ором карда, аз мушкилаш пурсидем.
— Ман Ихбол Зикирова, сокини деҳаи Бохтемури ҷамоати деҳоти Қушқияи ноҳияи Темурмалик ҳастам. Ҳамроҳи шавҳарам Худойдод Набиев дар мактаби ибтидоии №43-и деҳаи Бохтемур дарс мегӯем. Деҳаи мо ҳамагӣ 28-30 хонавода дорад ва дар мактаби мо ҳамагӣ 11 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Ману шавҳарам танҳо муаллимони деҳа ҳастем. Мушкили мо ин аст, ки манзили зистамон фарсудаву валангор шудааст ва имкон надорем онро аз нав бисозем. Чораи дигар надорем, ба идораи “Тоҷикистон” омадам.
Хонаи садамавӣ
Воқеан, аз навор ва аксҳое, ки муаллима Ихбол Зикирова ба мо пешниҳод кард, маълум мешавад, ки манзили зисташ комилан фарсудаву корношоям аст.
“Хонае, ки ман ҳоло бо оилаам зиндагӣ мекунам, ҳанӯз солҳои вазнини 1994 аз гилдевор сохта шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Хона дар назди дарёи Сурхоб қарор дорад. Дар рӯзҳои борониву серобии дарё наздики 8 километр роҳро тай карда, ба тарафи дигари дарё, ки асосан роҳамон аз он мегузарад, мерасем. Тӯли ин солҳо се фарзандамро дар ҳамин деҳа аз даст додам. Ду духтарам шавҳар доранд. Писари ягонаам бошад, маъюби гуруҳи дуюм мебошад, ки ба нигоҳубини мо ниёз дорад. Ҳоло дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил мекунад”,- мегӯяд Ихбол Зикирова.
Воқеан, манзили зисти муаллима Ихбол Зикирова дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва эҳтимол аст, ки зимистони имсол фурӯ равад.
Таваҷҷуҳи МИҲД-и ноҳия
Аз Ихбол Зикирова мепурсем, ки чаро ба МИҲД-и ноҳия муроҷиат намекунед? “Ноҳия аз кадом ҳисоб ба ман кумак мекунад?”,- мегӯяд номбурда.
“Заҳматҳои омӯзгории ману шавҳарамро ба инобат гирифта, МИҲД-и ноҳия соли 2017 ба мо 4 сотих замин ҷудо карда, соли 2020 сертификати истифодаи онро супорид. Ду маротиба 10 ҳазор сомонӣ қарз карда, аввал таҳкурсии хонаро гузоштем, дуюм девор бардоштем. Зимистони гузашта бинои нопӯшидаи хонаамон зери борону барф монд. Маошамон кифоягӣ намекунад, ки боми хонаро пӯшонем. Нафақаи писарам, ки 108 сомонӣ аст, ҳатто ба табобаташ намерасад. Агар ин зимистон ҳам иморат зери борону барф монад, заҳматҳои чандсолаамон барбод меравад…”,- мегӯяд Ихбол Зикирова.
Ихбол Зикирова мехоҳад, ки мақомоти ноҳия ё вилояти Хатлон барояш кумак кунанд, то иморати нотамомашро бомпӯш намояду он зери барфу борони имсол ба хок яксон нашавад.
Умед аст, ки МИҲД-и ноҳияи Темурмалик ба мушкили ин оилаи муаллимон расидагӣ мекунад ва барои ин оила ду дар хона бунёд менамояд.
“Тоҷикистон” ва хонандагони сершумори он интизори посухи раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан ҳастанд.
Идибеки САИД, “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ