Муаллимони сол эълон шуданд
Озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими сол”, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанг миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ баргузор шуд, ҷамъбаст гардид.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, ғолибони озмун чунинанд:
Миёни муассисаҳои олии касбӣ — Зафар Шариф, омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
Миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус — Абдусалом Орипов, омӯзгори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев.
Миёни муассисаҳои миёнаи касбӣ — Лутфуллои Раҳматулло, омӯзгори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов.
Ғолибон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шудаанд, аммо маблағи ҷоизаҳо ошкор нашудааст. Ҳамчунин, иштирокчиёни ҷойҳои дуюм ва сеюм низ қадрдонӣ гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ