Муаллимони таънашунав. Баландтарин маоши омӯзгор ба ду халта орд намерасад!

1. Падару модар барои фарзандон телефонҳои қиммат мехаранд, ҳеҷ гап не.

2. Фарзандонашон дар тарабхонаҳо ва ҷойҳои дилхушӣ ба айшу нӯш машғуланд, ин ҳам ҳеҷ гап не.

3. Кӯдакони синфҳои 5-6-ро сари фармони мошинҳои қимматбаҳояшон мешинонанд, майлаш.

4. Фарзандҳояшон шабҳо ба хона аз назди рафиқонашон масту аласт бармегарданд, майлаш.

5. Бо иҷозати волидон бо ҳазорҳо сомонӣ аз омӯзгорон пинҳонӣ гузаронидани ҷашни зодрӯз ҳам боке надорад…

Танҳо зиёновартарин чиз — ин пули таъмир аст, ки фарзандони тарбиянамудаи ин падару модарон дару девор ва мизу курсиҳоро мешикананду вайрон мекунанду аз кор мебароранд. Таъмир ба дўши кумитаи падару модарон аст. Ягон омӯзгор дирамеро ба дасти худ намегирад. Бигзор хонандагон дар синфҳои бетаъмир, партаҳои шикаста, дару девори харошида, тирезаҳои бешиша дар сояи волидайни хеш дарс хонанд. Худатон қазоват кунед, агар дар як синф 20 нафар талаба хонад, 50-сомонигӣ ҷамъ оранд, мешавад ҳазор сомонӣ. Аз ин ҳазор сомонӣ омӯзгор чанд сомонияшро медуздад? Ба худо айб аст. Шарм доред. Муаллиме дармондаи пули шумо нест. Ба як ошхона дароед, бо 50 сомонӣ шикаматон сер намешавад.

Илтимос, фақат муаллимонро таъна накунед, чунки баландтарин маоши омӯзгор ба ду халта орд намерасад!

Қадри устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Исмоил ЗАРИФӢ, омӯзгор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *