Муаммои гилеми мактаб ё директор пули волидонро куҷо бурд?

Тавре аз шикояти волидони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 47-и деҳоти “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ашт,  директори мактаб Муҳайё Икромова  ба маблағи 13  ҳазор сомонӣ  бе мувофиқа бо  волидон  гилем харидорӣ кардааст.  Барои ин аз 110 нафар кормандони мактаби мазкур 22 сомонигӣ  аз ҳар нафар маблағ ҷамъ намудаанд, ки  баробар ба 2420 сомонӣ аст. Илова бар  ин, аз 33 синф, ки дар он беш аз 700 хонанда таҳсил доранд, аз ҳар нафар аз 13 то 17 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст. Бо ин масъала 30 нафар волидони  муҳассилини ин  мактаб бо аризаи даъвогӣ ба мақомоти Прокуратураи ноҳия шикоят бурдаанд…            

Чиптапулӣ,    кинову консертпулӣ  “болои сӯхта намакоб”

“Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и деҳаи Дӯстӣ се фарзанди ман таҳсил мекунанд. Фарзанди калониям дар синфи 6 мехонад, дуюмӣ дар синфи чорум ва сеюмӣ дар синфи дуюм. Ҳамасола барои онҳо  135 сомонӣ барои таъмири мактаб маблағ сарф мекунам. Аммо  аз таъмир нишонае нест.”,- мегӯяд падари се хонандаи мактаби мазкур  Фурқат Раҳимҷонов.

“Имсол, ки либоси ягонаи мактабӣ дар мактабҳо ҳатмӣ шуд, дар аввал дирктори мактаб аз ҳар волидайн талаб кард, ки 70 сомонӣ барои сарулибоси мактабӣ пешпардохт кунанд. Баъдан бобати нарху наво байни чевар ва директори мактаб нофаҳмӣ шуд ба фикрам,ки дӯзанда қаҳр карда, аз баҳри дӯхтани либосҳои ягонаи  хонандагони мактаби №47 гузашт. Баъди ҳамин директор ба падару модарон  фаҳмонд, ки либоси ягонаро аз мактаб не, аз  бозорҳо дастрас кунанд. Аз сабаби он ки аксаран 70 сомонӣ пешпардохт карда буданд, пулҳояшонро талаб карданд. Директори мактаб-Муҳайё Икромова баҳона пеш овард, ки ин маблағҳоро барои  китобҳои дарсӣ нигоҳ медорад. Дар шароити деҳот, ки мушкилоти иқтисодӣ назаррастар аст, барои мо волидон, ки се — чор фарзандамон дар мактаб таҳсил мекунад тамоми талаботи мактабро сари вақт ба ҷо овардан доимо имконнопазир аст. Илова ба таъмирпулию китобпулӣ, 5 сомонӣ рӯзномаҳои мактабӣ, инчунин чиптапулиҳо барои кинову консерт ва ҳар гуна намоишномаҳо мо волидонро нигарон кардааст”,-афзуд Раҳимҷонов.

                                        Пул ҷамъ мешаваду сарф не

Чор фарзанди ман ҳамин мактабро хатм карданду ҳоло охирин фарзандам дар синфи 10-ум мехонад.  Тӯли таҳсили онҳо шахсан ман ба ихтиёри худ барои фарш ва рангубори синфхонҳояшон ҳатто 100 сомонӣ ва аз он ҳам бештар маблағро додаам.Аз соли 2015 инҷониб 45 сомонӣ таъмирпулие, ки дар мактаби № 47-и деҳаи Дӯстӣ ҷамъоварӣ мешавад, ҷамъ мешавад, дар ягон ҷо сарф намешавад,-мегӯяд Фирӯза Мадумарова,

  Аз 10 ҳазор обунапулӣ куҷо шуд?

Бӯстоной  Деҳқонова, китобдори мактаб, ки то синни нафақа муаллима буд, мегӯяд: -Дар аввал аъзои кумитаи падару  модарон дар мактаб аз шаш нафар лаёқатмандон  иборат буд, ки нотарсона фикру ақидаҳояшонро иброз медоштанд. Вале баъди директори мактаб интихоб шудани Муҳайё Икромова кор тамоман ранги дигар гирифт. Ба  ҷои онҳо 11 нафареро аъзои комитет кард, ки ҳама ба истилоҳ “балегӯяк”буданд. Муаммои актуалии дигар дар мактаб он аст, ки соли гузашта обуна 20% — ро ташкил медод ва ба 10 ҳазор сомонӣ баробар буд. Аз ин миқдор 5 ҳазор супурда шуд, аммо боқимонда 5 ҳазор сомонии  дигар нест шуд. Имсол бошад, ба 25% расид, ки 14 ҳазор сомонӣ бояд бошад. Директори мактаб аз маоши муаллимон нигоҳ дошт.

-Синну солам  ба нафақа расида бошад ҳам, аз сабаби дар оила 4 фарзанди маъюб доштан маҷбур ҳастам кор кунам ва барои аҳли оила нон ёбам.  Келинам низ маъюб аст ва дар ҳамин мактаб кор мекунад. Ҳамагӣ 320 сомонӣ маош мегирад, аммо моҳи гузашта аз маошаш 100 сомонӣ нигоҳ дошта, 220 сомонӣ додаанд,-афзуд ӯ.

 Дар рафти суҳбат бо Деҳқонова, ки  дар овози ӯ ҳисси тарсу ваҳмро дарк кардем , афзуд: -Дар оила 1 не 4 маъюб дорам, ростӣ аз фишор ба худу ба маъюбонам нигаронам. Зеро дар ҷомеаи имрӯз як даҳан ҳақиқат ё камбудро озодана гӯӣ, яқин , ки якумр бо ҳар баҳона ба таҳдиду таъқиб рӯ ба рӯ мешавӣ… Борҳо шоҳид шудаам, ки вақте ягон нафар  ба шикоят меомад, директор ҳатто арзи ӯро гӯш кардан намехост ва мегуфт, ки ба куҷо арз кунед, кардан гиред, аз дасти шумоён коре намеояд.

Рондани ҷавонон дар Соли ҷавонон

-35 сол дар ҳамин мактаб кор карда истодаам. Ин ҷо ба сифати омӯзгор не, балки падар  мехоҳам дар кушодани  парда аз рӯи ин ноадолатиҳо дар мактаб баромад кунам. Бо вуҷуди омӯзгор будан бо итминони комил гуфта метавонам, ки ҳақ бар ҷониби волидони шикояткунанда аст.  35 соли собиқаи корӣ дар соҳаи маориф дорам,  аммо  имрӯз ба худсарию зулми як директори мактаб, ки ҷуз пулчинӣ  барои мактаб коре накардааст, тоқат карда натавониста, хостам бо волидайни мактаббачаҳо пеши роҳи ин гуна ҳолатро гарем- гуфт  муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаб-Замира Обидова. 

Соли сеюм аст, ки волидони хонандагони мактаби №47-и деҳаи Дӯстиро ба яғмо рафтани пулҳои ҷамънамудаи онҳо нигарон кардааст. Барои кирдорҳои коррупсионии директори собиқ ва  кунунии мактабро фош кардан далелу арқоми зиёд дорам, зеро 35 сол аст, ки дар ҳамин даргоҳ иҷрои вазифа мекунам.  60 нафар ба унвони прокурори ноҳия ариза навиштанд. Ариза ҳоло дар прокуратураи ноҳия аст, аммо то ҳол хулосаи прокурорӣ нест. Як нусхаи аризаи водилонро худам (арзи онҳо  асоснок, ки буд, ҷонибдорашон шудам) ба Шуъбаи маорифи ноҳия бурдам ва ният доштам ба мудири маориф тамоми вазъиятро кушоду равшан гуям ва роҳи ҳалли проблемаро якҷо дарёбем. Аммо мудири маориф- Ҳайдарзода  куҷое маҷлис рафта будааст. Аризаро ба дасти муовинаш-Мавҷуда Қосимова супурдам.  Лекин ӯ аризаи моро ҳатто қабул накард ва дубора ба дастамон дод. Шояд ин ҷо сирре буд? Вагарна, чаро муовин вазифаи худро холиса иҷро накард? Умед дорам баъди таҳлили мӯшикофонаи мақомоти қудратӣ ин ҳама гиреҳҳо кушода шуда, ба куҷо сарф шудани маблағҳои 60 нафар волидон маълум хоҳад шуд.

 Тоҳирҷон Мақсудов, омӯзгори мактаб

Замоне  ки ба ман пешниҳоди  ҷонишинии директор дар мактабро карданд, рад кардам.   Ба иззати нафси директор расиданӣ нестам, аммо гуфта метавонам, ки ин зан роҳбари сазовор нест, ки ба пешрафти мактаб ва ба нафъи хонандагон кор кунад. Ӯ пули чандин довталабони мактабҳои олиро гирифта, онҳоро дар нимароҳ монда, пули баъзеро қисман баргардонид, вале пули бархеи дигарро тамоман барнагардонидааст. Як шогирди фаъоли ман-Зулола Бойинаева, ки  худаш аз фанҳои дақиқ  дониши баланд дошт ва бовар дорам, ки  бо дониши худ ба мактабҳои олӣ дохил шуда метавонист. Аммо  Икромова аз волидони ӯ пул гирифтааст.

Сардори шуъбаи маорифи ноҳия Ҳайдарзода гуфт, ки ба мактаб ба ҷойи соҳиб директор- Умарҷон Ойматов, Икромоваро таъин мекунем, ман розӣ нашуда будам, ки бигзор аз Хитой оварда, роҳбар монед, аммо  ин занро  директории мактаб намонед.

Хуршед Юсуфҷонов: — Аз рӯзе, ки мо лаб ба шикоят кушодем, болои сари фарзандонам фишор оварда истодаанд. Аслан ин проблемаи нопадид  шудани маблағҳои мактаб аз соли 2015 шурӯъ шуда буд. Вале ба ҷои он ки ҳал шавад, пулҷамъкунӣ ба ҳар баҳона зиёд шуду ягон қисмати мактаб рӯи таъмирро надид. Вақте волидон маблағҳояшонро талаб карданд, ба куҷо чӣ миқдор сарф шудани онро на директор шаҳр дода тавонисту на хазинадори мактаб.

Муҳайё Икромова директори мактаб: — Масъалаи маблағ пеш аз ба  сари вазифа омадани ман ба миён омада буд. Пеш аз ман Умарҷон Ойматов директори мактаб буд ва аз сабаби он ки водилон болои ӯ бисёр навис-навис карданд, ӯро аз вазифа сабукдӯш карда, маро аз вазифаи ҷонишини мудири маориф ба сарварии мактаб таъин карданд.  Вақте вазъият дар ин мактаб ранги дигар гирифт, сардори шуъбаи маорифи ноҳия гуфтанд, ки ин вазъияти носозро танҳо ту бартараф карда метавонӣ. 20 сентябр маҷлиси васеи  волидонро доир кардем. Дар он беш аз 303 нафар волидон иштирок карданд ва бо хоҳиши худ гуфтанд, ки барои таъмири босифати мактаб мо 35 сомонигӣ  маблағгузорӣ мекунем. Ин шикояти волидон ва имзоҳои онҳо на ҳамааш асоси воқеӣ дорад. Вақте мо таҳлили амиқ  гузаронидем, маълум шуд, ки 7-8  имзо маҷбурӣ гирифта шудааст.  Ин шикоятҳоро ман ҳамчун фитнаи манфиатҷӯён медонам. Тӯли чанд рӯзи охир тамоми оинаҳои кафидаву шикастаи мактабро ба миқдори 525 сомонӣ  дубора барқарор кардем.

Муяссар Ҳайдарзода, мудири маорифи ноҳияи Ашт:- Дар масъалаи мактаби №47-и ноҳияи Ашт то имрӯз ягон нафар ба ман расман муроҷиат накардааст. Илова бар ин, дар ноҳия  74 мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ ҳаст. Ҳар як мактаб мушкилоти худро дорад. Чанд вақт пеш ба шуъбаи маорифи ноҳия як аризаи шикоятӣ омада буд, аммо аз сабаби он ки ариза бе имзо буд, мувофиқи қонун мо онро қабул накардем.

                             Ҳам  аз қад заду ҳам аз бар

-Маблағи  аз хонандагон ҷамъоваришуда наздики 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дар умум беш аз 13 ҳазор сомонӣ маблағ барои гилем ҷамъ шудааст. Аммо бо вуҷуди чунин пулҳои  калон танҳо барои гилеми  мактаб аз соҳибкор, яъне гилемфурӯш мактаб қарздор будааст.  Бино ба гуфти соҳибкори маҳаллӣ Сайфиддин, онҳо  8000 сомонии  гилемро надодаанд. Пас  пули гилем куҷо шуд?

            Дар ин мақола то андозае андешаи ҷонибҳоро пешниҳод намудем, вале  ҳоло масъалаи ба пахтачинӣ ҷалб кардану ҳаққи меҳнати мактаббачаҳоро надодани директори мактаб низ ба миён омадааст, ки онро низ  пайгирӣ хоҳем кард.   Аммо чаро сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия хомӯширо ихтиёр кардаанд? Ё онҳо ҳам ягон бор дар гӯшаи ин гилем нишастаанд?

                                                                                                 Фарзона Муродӣ,

                                                                                         Конибодом-Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

34 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *