Муарифии Тоҷикистон дар Украина

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина бо мақсади муаррифии ҷумҳурӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият ба масоили чоп ва паҳни маводи таблиғотӣ дар кишвари иқомат аҳамияти бештар медиҳад. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ як маҷаллаи рангаеро бо номи «Таджикистан» бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба табъ расонд. Нашрия бо такя ба маводу санадҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матолиби ҷолибро фаро гирифтааст, ки ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, ширкатҳои давлативу тиҷоратии хориҷӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, энергетикӣ ва нақлиётии дорои аҳамияти минтақавӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Намояндагӣ ҳамчунин маҷаллаҳои рангаву мусавварро бо номҳои «Либосҳои миллии занони тоҷик», «Наврӯз дар Тоҷикистон» ва маҷаллаи донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Украина «Ватанпарвар»-ро низ омода ва нашр намудааст. Ҳамаи ин мавод ба хотири муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкории самарабахши фарҳангию башардӯстонаи мо бо кишварҳои олам, аз ҷумла бо Украина роҳандозӣ шудаанд.
Чанде пеш дар яке аз рӯзномаҳои оммавии Украина «Деловая столица» мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев нашр гардид, ки дар он роҳбари намояндагии дипломатии кишвари мо оид ба рушду густариши бештари ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина изҳори назар намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *