Муаррифии аввалин Атласи осебпазирӣ ва устуворӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон муаррифии аввалин Атласи осебпазирӣ ва устуворӣ дар Тоҷикистон бо иштироки агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид,  вазоратҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, шарикони рушд ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Атласи осебпазирӣ ва устуворӣ ташаббуси муштараки СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва бо иштироки Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.

Атласи осебпазирӣ ва устуворӣ таҳлили аввалин дар ин шакл дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва ба сиёсатмадорон ва шарикони миллӣ ба байналмиллалии рушд дар дарки амиқ, таҳияи стратегияҳо ва барномаҳои мухталиф барои ҳалли эҳтиёҷоти гурӯҳҳои осебпазир ва ҷомеаҳои маҳаллӣ дар мубориза бо хатарҳо кӯмак мекунад.

Атласи осебпазирӣ барои тарғиби сиёсат ва барномаҳои асоснок, ки ҳамагонро фаро мегирад, алалхусус шахсони аз ҳама осебпазир, муайян кардани ҷанбаҳои ҷуғрофӣ ва хусусиятҳои фазоии ҷойҳои осебпазири минтақаҳои гуногун ва ҳамчунин асос барои мониторинги Ҳадафҳои рушди Устувор (ҲРУ) ва саҳмгузорӣ барои банақшагирӣ ва ҳисоботи миллии Стратегияи Миллии Рушд ва ҲРУ истифода бурда мешавад.

Дар ин чорабинӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҳамаи шарикон ва кӯшишҳои онҳо дар таҳияи Атлас изҳори миннатдорӣ намуда дар бобати истифодаи он барои баррасӣ ва таҳияи стратегияҳо ва барномаҳо ибрози ақида намуд.

Инчунин, доктор Пратибҳа Меҳта, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон зикр намуд, ки Атласи осебпазирӣ ва устуворӣ ҳуҷҷатест, ки барои сиёсатҳо, стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ истифода шуда вобаста ба масъалҳои гуногун, аз ҷумла некӯаҳволии иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, ғизо, тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳо дар асоси далелҳо маълумот медиҳанд. Атлас баҳадафгирии аҳолии осебпазир, макон ва барои банақшагирӣ ва тақсимоти молиявӣ кӯмак хоҳад кард, то ҳеҷ кас дар канор намонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *