Муаррифии боз 30 электробуси нав дар Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав дар пойтахт иштирок намуд.

Электробусҳои тамғаи “Акиа НЕРУ” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки ин нақлиёт 12 метр дарозӣ, 32 ҷойи нишаст доранд ва ҳаҷми умумии ғунҷоиши мусофирон то 100 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ, 2 экрани маълумотдиҳанда мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *