Муаррифии хизматрасониҳои Амонатбонк дар Бохтар (аксҳо)

13-уми сентябри соли ҷорӣ дар бинои филиали №42-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар доираи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, Nº586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, “Рӯзи саводнокии молиявӣ” доир гардида, маҳсулоти бонкии “Амонатбонк” ба намоиш гузошта шуд.

Нахуст, дари доираи чорабинии мазкур намоишгоҳи маҳсулоти бонкӣ баргузор гардида, дар он масъулини бонк ба мизоҷон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ, алалхусус маҳсулоти қарзӣ, намуди пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ, “Интернет-банкинг”, пардохти қулайи хизматрасониҳо тавассути барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва  ғайра маълумот доданд.

Дар идома мутахассисони идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва департаменти қарздиҳии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Нуралӣ Ибодов ва Шуҳрат Сироҷов бо рӯнамо оид ба тарзи истифодаи барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва меъёри фоизи қарзҳо баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ, алалхусус барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, маҳсулоти қарзӣ бо фоизҳои дастрас, талаботҳо барои гирифтани қарз ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.

Пас аз пешниҳоди рӯнамо миёни иштирокдорони чорабинӣ суолу ҷавоб сурат гирифта, ба хотири ҳававсмандгардонии онҳо аз ҷониби масъулини Бонк ба онҳо туҳфаҳои армуғонӣ тақдим гардид.

Ташкил ва баргузор намудани чунин намуд чорабиниҳои молиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар ин самт таъсири мусбии худро мерасонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *