Муассисаҳои тибби хусусиро тафтиш мекунанд

Комисияи махсуси вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон фаъолияти ҳамаи муассисаҳои тиббии хусусиро тафтиш мекунад.

 Дар ин бора Эдил Байсалов, муовини раиси девони вазирони Қирғизистон хабар додааст.

«Ҳолатҳои гирифторшавӣ ба ҳепатит, ҳатто ВНМО мавҷуд аст. Асосан ин ҳолатҳо дар клиникаҳои дандонпизишкӣ ва ороишӣ рух медиҳад. Онҳо ҳамчун тиҷорат пазируфта шуда, фаъолияташонро касе тафтиш намекунад», — гуфт Байсалов.

Рӯзи 18-уми июн дар Беморхонаи миллии Қирғизистон зани 41-солае фавтид, ки пештар дар яке аз клиникаҳои хусусӣ ҷарроҳии липосксия ё гирифтани чарбуи бадан анҷом дода буд. Хешовандонаш гуфтанд, вай баъди ҷарроҳӣ ба кома рафт.

 Моҳи майи соли ҷорӣ комисияи махсуси вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон 370 муассисаи хусусии тиббиро тафтиш карда, дар натиҷа фаъолияти 111 чунин муассисаро боз дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *