Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» -дастовардҳо дар рақам

Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» дар ду самт фаъолияти муассир дорад. Якум, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, ки барои расонидани хизмати шабонарӯзии фаврии тиббӣ пешбинӣ шудааст. Дуюм, дар ҳолатҳои фаврӣ ва самти бистаринамоӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои ковокии батн ёрии фавриву нақшавии ҷарроҳӣ, ҷарроҳии урологӣ ва консервативӣ расонида мешавад. Муассисаи мазкур чанд соли охир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ҷиҳати ҳифзи сиҳатии ҷомеа ноил гардид. Рақамҳои поён бозгӯи муваффақияти кормандони мо аст.

2018

Соли 2018 дар муассиса навгониҳои зерин, аз ҷумла чуррабурии қадкашак бо усули лапароскопӣ (ТАРР) — пластика, бо усули сепаратсионӣ ба роҳ мондани бартарафкунии чурраҳои баъдиҷарроҳии девораи пеши шикам роҳандозӣ гардид. Мақсад аз ҷорӣ намудани ин тасмим кам кардани фоизи такроран пайдошавии чура ва оризаҳои баъдиҷарроҳӣ мебошад. Ҳамчунин, ба гирифторони бемории эхинакоккози ҷигар, усули миниинвазивӣ PAIR — пунксия ва обияткашкунии кистаи эхинакоккӣ таҳти назорати ултрасадо бо усули пусту ҷигарӣ, буриши атипикии ҷигар бо усули лапараскопӣ, резексияи трансуретралии адиномаи ғадуди пешҷой бомуваффақият амалӣ гардид.

Соли 2018 дар муассиса фоизи ҷарроҳиҳои миниинвазивӣ ба 38,4% расонида шуд.

2019

Бо мақсади истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар муассиса оид ба корҳои ободонӣ ва созандагию эҳсонкорӣ корҳои пурсамар ба анҷом расид. Аз он ҷумла, дар соли 2019 барои муассиса 1 адад дастгоҳи рентгени рақамӣ ворид гардид.

Соли 2019 дар муассиса фоизи ҷарроҳиҳои миниинвазивӣ ба 41,4% расонида шуд.

2020

Дар ин сол ба муассиса дастгоҳи рентгени мобилии рақамӣ, фибробронхоскопи мулоими тамғаи “Ptentax” бо системаи эндовидеоӣ дастрас гардид. Навгониҳо инҳоянд: буриши реши пиёзаки рӯдаи 12-ангушта, дуоденопилоропластика бо усули Гейника-Микулича бо тарзи лапароскопӣ, ташкили трасплантат аз ҳиссаи чап ва кундаланги рӯдаи ғафс барои гузоштани эзофагоколоанастамоз. Ҳамчунин, дар соли 2020 фоизи ҷарроҳиҳои миниинвазивӣ ба 49% расонида шуд.

2021

Дар соли 2021 ба муассиса дастгоҳи ҳозиразамони эндовидеоҷарроҳии Карлз Шторси истеҳсоли Олмон дастрас карда шуд. Муассиса бо дигар ҷумҳуриҳо ҳамкорӣ дошта, бо дастгирии бевоситаи Раёсати тандуристии шаҳри Душанбе аз санаи 28-уми сентябр то 14-уми октябри соли 2021-ум 2 нафар духтурони муассиса дар Озарбойҷон оид ба масъалаҳои эндовидеоҷарроҳӣ аз такмили ихтисос гузаштанд.

Бояд қайд кард, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон мутахассиси соҳаи эндовидеоҷарроҳӣ, профессор Гурбонхон Муслумов ба шаҳри Душанбе даъват гардида, якҷоя бо мутахассисони Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ ҷарроҳиҳои мураккаб, аз ҷумла гемиколэктомия аз рост бо гузоштани илеотрансверзоанастамоз оид ба омоси кӯррӯда, буриши рӯдаи сигмашакл ва ҷарроҳӣ оид ба чурраи қадкашак (ТАРР пластикаи тотали бе дӯхтани тӯри аллопластикӣ) бо намуди лапароскопӣ бо муваффақият анҷом дода шуд. Ин ҷарроҳӣ аввалин маротиба тариқи онлайн дар шабакаи иҷтимоии YouTube ба навор гирифта шуд.

Навгониҳо: гемиколэктомия бо гузоштани илеотрансверзоанастамоз бо усули лапараскопӣ.

Дастовард дар он аст, ки соли 2021 дар муассиса фоизи ҷарроҳиҳои миниинвазивӣ ба 58,8% расонида шуд.

2022

Барои беҳтар намудани хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббӣ ба сокинони шаҳри Душанбе система навигатсияи GPRS дар стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ барои муайянсозии бригадаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ дар минтақаҳои хизматрасонӣ ба роҳ монда шуд. Ин ба хизматрасонии босифату саривақт ба ҷойи зарурӣ расидани мошинҳои ёрии таъҷилӣ мусоидат кард.

Ҳамчунин, соли 2022 дар муассиса навгониҳои зерин ворид карда шуданд: бартарафкунии чурраи хати сафеди шикам бо гузоштани тӯри аллопластикӣ бо таври лапароскопӣ (Sublay), энакулятсияи кистаи сараки ғадуди зери меъда, амалиёти тораколапораскопӣ аз шуши рост ва ҷигар (симултанти).

Соли 2022 дар муассиса фоизи ҷарроҳиҳои миниинвазивӣ ба 66,6%  расонида шуд.

2023

Навгонӣ: буриши найчавии меъда (слив резекция) бо усули лапароскопӣ.

Соли 2023 фоизи ҷарроҳиҳои миниинвазивӣ ба 63,3% расонида шуд.

2024

Таъминнокии таҷҳизот дар 6 моҳи соли 2024 аз тарафи кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Чин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дасгоҳи Ренгенография (Hiph Freguency Mobile Digital C-arm system PLX 7000B) ба маблағи 477794 сомонӣ ворид шудааст.

Инчунин дар шуъбаи урология соли 2024 чунин таҷҳизоти нав ворид карда шуд:

— рафи эндоскопӣ бо монитори Full HD Kaul Storz (Олмон);

— камераи наворбардори HD Camera F2PRO RZ vedizintechnik (Олмон);

— дастгоҳи сангшикани пневматикӣ Swiss Litho Clast 2 EMS (Швейтсария);

— дастгоҳи рентгенӣ C-arm technics TSA 6 (Италия);

— дастгоҳи ултрасадо Samsung HS 30;

— дастгоҳи танзими фишори маҳлул Endomat selest UP 210 Kaul Storz (Олмон);

— дастгоҳи нурафкан Power LEP 175 Kaul Storz (Олмон);

— дастгоҳи коагулятори моно ва биполяр Autocon lll 400 Kaul Storz;

— Розетоскоп Karl Storz — барои гузаронидани амалиёти резексияи трансуретралии ғадуди пешҷой ва омосҳои масона;

— Литотрипсияи расишӣ Karl Storz — барои гузаронидани амалиёти уретро ва систолитотрипсия;

— Нефроскоп Karl Storz — барои гузаронидани амалиёти нефролитолапаксия;

— Уретротом Karl Storz — барои гузаронидани амалиёти уретротомия;

— Систоскоп Karl Storz — барои гузаронидани амалиёти ситоскопияи нигорӣ ва стенткунии найча;

— Уретроскоп Karl Storz — барои гузаронидани амалиёти уретролито- экстраксия ва уретролитотрипсияи расишӣ.

Иловатан, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, аз ҷониби бародаршаҳри Сичуани Ҷумҳурии халқии Хитой бо шаҳри Душанбе — шуъбаи урология бо дастгоҳи рентгении C-arm PLX 7000 (Чин) таъмин гардид.

Маврид ба зикр аст, ки соли равон бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи урологияи муассиса бо дастгоҳи литотриптори масофавии Modulith SLk (Олмон) муҷаҳҳаз гардид.

Навгониҳо: эктерпатсияи рӯдаи мустақим бо усули лапароскопӣ, буриши корпокаудалии ғадуди зери меъда бо усули лапароскопӣ.

Ҳамин тариқ, дар 6 моҳи соли 2024 дар муассиса фоизи ҷарроҳиҳои миниинвазивӣ ба 65,1% расонида шудааст.

Бобохон АБДУРАҲИМЗОДА,

директори Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *