Мубоҳиса дар атрофи “Бешаи палангон”-и Маҷид Салим
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон атрофи китоби ҳикоёти “Бешаи палангон”-и нависанда Маҷид Салим баҳс шуд.
Бо ибтикори Иттифоқи нависандагон дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор”-и рӯзномаи “Пайрав” баргузор гардид.
Он ба мавзӯи “Баҳс дар атрофи китоби ҳикоёти “Бешаи палангон”-и нависанда Маҷид Салим бахшида шуд.
Нависанда Кароматулло Мирзоев, ҳаҷвнигор Абдурауф Муродӣ, шоир Хайрандеш перомуни фаъолияти эҷодии ин адиби соҳибзавқ ибрози андеша намуданд.
Муаллифи “Ҳикоёти “Бешаи палангон” Маҷид Салим лаҳзаҳои ҷолиберо аз авроқи хотираҳояш ёдовар намуд. Бахши фарҳангии маҳфилро ҳофизони хушовоз бо суруду оҳангҳои ҷаззобашон ҷилои тоза бахшиданд.
Иштирокчиёни фаъол ҳар яке бо 200 сомонӣ, дар маҷмӯъ бо 1700 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.
Амони Муҳаммад, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ