Мубодилаи афкор атрофи масъалаи ғизои мактабӣ дар Вазорати тандурустӣ
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои вазорати мазкур, дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, кумитаҳои мамлакат ва шарикони рушд иштирок намудаанд.
Тавре зикр гардидааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ соли 2015 «Консепсияи рушди ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2017 «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027»-ро таҳия ва тасдиқ намуда, айни замон татбиқи он дар мактабҳои пилотӣ давом дорад. Ҳамзамон, лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” таҳия гардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор айни замон барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
— Гуфта шуд, ки ҳифзи сиҳатии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Ғайр аз ин, чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ самаранокии худро дар беҳтар гардидани таваҷҷуҳ ва қобилияти зеҳнии хонандагон исбот намудааст,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҳамзамон, «Нақшаи амал оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 50 мактаби вилояти Хатлон ва водии Рашт татбиқ гардида, инфрасохтор ва заминаи моддӣ-техникии ошхонаҳои мактабӣ беҳтар шуда, шаклҳои (моделҳои) самараноки ташкили ғизои мактабӣ дар мактабҳои мамлакат ҷорӣ гардида, сатҳи дониши кормандоне, ки дар ташкили ғизои мактабӣ иштирок мекунанд, баланд гардидаву нақши волидайн дар ташкили ғизои мактабӣ дар беҳтар намудани гуногунии ғизо мусоидат намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ