Мубориз Усмонов:Ҳеҷ чиз бе заҳмату меҳнат ба даст намеояд

Аз 23-юм то 27-уми июли соли ҷорӣ дар Озорбойҷон фестивали байналмилалии “Dream Fest” бо иштироки машҳуртарин сарояндагони кишварҳои дунё баргузор мегардад. Хушбахтона, дар ин фестивал сарояндаи хушовоз ва аллакай хеле маъруфи тоҷик Мубориз Усмонов Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Боиси ифтихор аст, ки дар чунин фестивалҳои сатҳи байналмилалӣ, дар қатори беҳтарин ва номдортарин ситораҳои шоу-бизнеси ҷаҳон аз кишвари мо ҳам намояндае иштирок мекунад ва нуфузу эътибори тоҷику Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад.

Мо бо Мубориз Усмонов доир ба роҳ ёфтанаш ба ин саҳнаи бузург суҳбат кардем, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

— Сараввал, бояд бигӯям, ки номатонро дар рӯйхати фестивали “Dream Fest” дар қатори номдортарин сарояндагони олам дидан барои ман ҳамчун як ҳамватан бисёр хушоянд аст ва шуморо ба ин муносибат табрик мекунам. Баъдан, бигӯед, ки чӣ гуна ба фестивали “Dream Fest” роҳ ёфтед?

— Дуруст қайд кардед, ман аввалин тоҷике ҳастам, ки дар чунин фестивал иштирок мекунам. Дар фестивали “Dream Fest” аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун намояндаи Тоҷикистон баромад кардан барои ман бисёр пайки нек аст. Аз ташкилкунандагони фестивали мазкур миннатдорам, ки маро даъват карданд.

— Дар фестивали мазкур сарояндагонро чӣ гуна интихоб мекунанд?

— Ростӣ, ман формулаи асосии интихоби сарояндагонро дар фестивал намедонам, аммо тахмин мекунам, ки ташкилкунандагон ба дараҷаи маъруфият, шакли пешбурди шабакаҳои иҷтимоӣ, шумораи тамошо ва бозбинии таронаҳо ва ғайраҳо таваҷҷуҳ мекунанд.

Бо кадом сурудҳоятон баромад карданӣ ҳастед?

— Феълан сурудҳоро интихоб накардаам.

— Ба фикри худатон чаро маҳз шумо Тоҷикистонро дар чунин фестивал намояндагӣ мекунед?

— Меҳнат кардан ва дар роҳе рост будан ҳамеша инсонро ба муваффақият мерасонад. Ману тиме, ки ҳоло кор мекунем, бо сухан не, балки бо рақамҳо исбот карда истодаем, ки ба нишондиҳандаҳои рекордӣ расидем. Суруду намоҳангҳои мо дар ТОП ҳастанд ва фикр мекунам ин далелу рақамҳо исботи он ҳастанд, ки мо тавонистем. Ман корамро дӯст медорам, бо нафарони дар касби худ ҳирфаӣ кор мекунам ва кӯшиш мекунам, ки эҷодиётам ба мардум писанд меояд. Худоро шукр, ки ба чунин натиҷаҳо расидам ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки ҳеҷ гоҳ ҳаракати мо, заҳмату меҳнати мо беҳуда нест.

Чун болотар ишора кардам, формулаи интихоби сарояндагон дар фестивали “Dream Fest” барои ман нофаҳмост, аммо ҳатман, ки яке аз сабабҳое, ки ман Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунам, ин заҳмату меҳнати шабонарӯзиам аст.

— Аз сарояндагони машҳуре, ки онҷо суруд мехонанд, шахсан бо киҳо шинос ҳастед?

— Ман ҳамаи онҳоро мешиносам, аммо аз наздик шинос нестам.

— Оё мухлисонатон сурудҳои дуовозии шуморо бо сарояндаҳои машҳури хориҷӣ интизор шаванд?

— Албатта, интизор шаванд, ман аллакай бо яке аз сарояндагони машҳури Федератсияи Россия гуфтушунид кардаам ва феълан болои таронае корҳо рафта истодаанд. Агар “пеш аз пода чанг наандозем”, насиб бошад, моҳҳои сентябр-октябр суруди дуовозаи ман бо яке аз сарояндагони машҳур нашр мешавад.

— Мехоҳам доир ба таронаи наватон бо Валиҷон Азизов бипурсам. Он чӣ гуна тавлид шуд?

 — Идеяи суруди “Эй ёр” ҳанӯз ду сол пеш дар фикри ману Валиҷон Азизов тавлид шуда буд. Азбаски корҳо зиёд буданду сурудҳои дигарро муаррифӣ кардем, навбат ба “Эй ёр” ҳамин моҳ расид.

— Дар Тоҷикистон дуетсароӣ қариб, ки аз муд рафта буд, аммо шумо бо Мадина Акназарова, Нигина Амонқулова, Ғолибҷон Юсупов ва дигарон пайи ҳам сароидед ва таваҷҷӯҳи мардум ҷалб шуд. Бигӯед, ки чӣ гуна сурудҳои дуовозиро месозед?

— Фикр мекунам, ки суруди дуовозӣ хондан бисёр хуб аст, зеро ҳаводорони ду овозхон ба ҳам меоянд. Ба ибораи дигар, мубодилаи аудитория мешавад, ки барои дилхоҳ сароянда натиҷаи мусбат медиҳад. Вақте ки эҷодкорон якҷоя болои лоиҳае кор мекунанд, аз ҳамдигар таҷриба мегиранд, малакаву маҳораташонро қисмат мекунанд, имкон пайдо мешавад, ки бо услуби нав пешниҳод кунанд. Умуман, кори якҷоя ҳамеша ба фоида аст ва ман тарафдори чунин корҳоям.

— Шумо дар ҷодаи ҳунар навроҳ ҳастед, оё бо ҳунармандоне, ки 10-20 сол рӯи саҳна ҳастанд, суруд хондан мушкил нест?

— Шахсан барои ман ягон мушкилӣ надорад, балки таҷриба зиёд мешавад ва малакаву маҳорат такмил меёбад. Ҳамеша бо ҳунармандоне, ки таҷрибаи зиёд доранд, ҳамкорӣ кардан хуб аст, зеро аз онҳо метавон чизе барои рушди касбӣ гирифт. Ва ин дар дилхоҳ соҳаҳо ба чашм мерасад. Барои мисол, дар соҳаи шумо низ журналистони ҷавон мекӯшанд, то ки дар ҳаммуаллифӣ бо журналистони пуртаҷриба мақола нависанд ё олими ҷавоне мехоҳад бо устодаш ё дигар муаллимон мавзӯеро таҳқиқ кунад ва ғайраҳо.

— Панҷ сол пеш бовар доштед, ки фаъолияти сарояндагии шумо то ин ҳад хуб пеш меравад?

— Вақте ки ягон мақсад пеши худ мегузорам, онро хуб дарк мекунам ва барои ба ҳадаф расидан кӯшиш мекунам. Барои муваффақ шудан, доштани мақсади аниқ муҳим аст. Аслан, сарояндагӣ дар вуҷуди ман аз хурдӣ аст. Агар ёдатон бошад, соли 2015 ман се тарона интишор намудам ва танаффус кардам. Ҳамин тавр, омӯхтам, таҷриба гирифтам, мақсадҳоро аниқтар кардам ва охири соли 2020 ба саҳна баргаштам. Ман ин муваффақиятҳоро на танҳо омади кор мегӯям, балки бисёр меҳнат кардам, омодагӣ дидам ва маблағи зиёд ҳам сарф кардам.

Ҳеҷ чиз бе заҳмату меҳнат ба даст намеояд. Баъзан мешунавем, ки мегӯянд фалонӣ толеъбаландӣ кард ва зуд машҳур шуд. Албатта, толеъ ҳаст, аммо заҳмату меҳнат ва сарфи вақту пул муҳимтар аст ва нақши зиёдтар дорад. Ба истеъдоди холӣ мунтазири толеъ шудан, чизеро ба даст овардан имкон надорад.

— Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?

— Нақшаҳо бениҳоят зиёданд ва рӯзҳои наздик онҳоро як-як хоҳед дид.

Таҳияи Меҳрубон

Бознашр аз “Оила”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *