Мудир меҳмонхонаро фоҳишахона кард

Як зани 23-солаи зодаи ноҳияи Темурмалик, ки раҳбарии яке аз меҳмонхонаҳои пойтахтро бар ӯҳда дошт, бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ин зан рӯзи 12 ноябр аз ду ҷуфт барои фароҳам овардани шароити алоқаи ҷинсӣ дар меҳмонхонааш 600 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД зани 23-солаи муваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Машъали ноҳияи Сино, зодаи ноҳияи Темурмалик, директори яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт дастгир карда шуд.
Номбурда, саннаи 12-уми ноябри соли 2017, меҳмонхонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 27-сола ва зани 24-солаи сокинони ноҳияи Варзоб ва марди 24-солаи сокини пойтахт ва зани 27-солаи сокини ноҳияи Бохтар барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *