Мудири кулли ЮНЕСКО ташаббуси Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кард
Мудири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азуле гуфт, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
«Барои арзёбӣ ва баҳодиҳии 476 пирях, ки ҳолати обшавии онҳо ҳуҷҷатгузорӣ шудааст, тадбир меандешем»,- гуфт Одри Азуле зимни суханронӣ дар Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе.
Ҳамзамон, Одри Азуле бобати гузаронидани даврҳои омӯзишӣ дар самти тағйирёбии иқлим ҷонибдорӣ кард ва гуфт, ки дар ин самт кор хоҳанд кард.
«Мо ба ҷониби Тоҷикистон барои уҳдадориҳо ва ташаббусҳои нек дар соҳаи обу пиряхҳо, аз ҷумла баргузории Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, изҳори сипос мегӯем. Аз тамоми давлатҳои аъзо даъват менамоем, ки дар ҳамбастагӣ фаъол бошанд» ,-гуфт Одри Азуле.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ