Мудири маорифи Ҷайҳун: Ба як қатор дастовардҳо ноил гардидем

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмашон нисбати соҳаи маориф, мактаб ва омӯзгор суханронӣ намуда, эҳтиром гузоштан ба омӯзгор ва дастгирии муассисаҳои таълимиро вазифаи ҳар як шаҳрванд мешуморанд.

Маорифчиёни ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ин нуктаҳоро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри рушди маориф пайваста талош менамоянд. Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия Умед Эшонзода, шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар се моҳи соли 2024 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

Маълумоти умумӣ

Тавре мудири шуъбаи маориф Умед Эшонзода иттилоъ дод, дар ноҳияи Ҷайҳун 50 адад муассисаҳои таълимӣ, як адад Литсейи хусусӣ барои хонандагони болаёқат, Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази рушди истеъдодҳо ва 3 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. “Қайд менамоем, ки дар семоҳаи соли 2024 як муассисаи томактабии дигар — “Калидчаи тиллоӣ” ба фаъолият оғоз намуда, дар ин муассиса 4 гурӯҳ иборат аз 100 кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд”,- афзуд ӯ.

Зикр гардид, ки ба ҳолати 3-юми апрели соли 2024 дар ноҳия 1634 нафар омўзгорон (аз ҷумла занон 819 нафар), аз инҳо 991 нафар бо маълумоти олӣ, 439 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 204 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ ба таълиму тарбия машғул мебошанд. Аз шумораи омӯзгорони зикршуда 83 нафар омўзгорони ғайриихтисос ва 29 нафар бо маълумоти ғайрипедагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият намуда истодаанд. Бо дараҷаи тахассуси олӣ бошад, 324 нафар, бо дараҷаи тахассуси якум 420 нафар, бо тахассуси дуюм 253 нафар, бе дараҷаи тахассусӣ 637 нафар омўзгорон фаъолият доранд. Шумораи омўзгороне, ки унвони Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибанд, 30 нафар мебошанд.

— Айни ҳол теъдоди омўзгорони нафақагир дар муассисаҳои таълимии ноҳия 80 нафарро ташкил медиҳад, ки бинобар сабаби норасоии кадрӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шудаанд,- гуфт Умед Эшонзода.

Бино ба иттилои мавсуф, айни замон дар ноҳия 37760 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 17800 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Озмуну олимпиадаҳо

Зикр гардид, ки ҳамасола бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон — ватани азизи ман” ва имсол озмуни нав — “Маърифати ҳуқуқӣ — оини худшиносӣ” низ баргузор карда мешавад. Даври муассисавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст карда шуда, дар он 3169 нафар хонанда ва 10 нафар омӯзгорон иштирок намуда, аз ин шумора ба даври дуюми озмун 632 нафар хонанда ва 4 нафар омӯзгорон роҳхат гирифтаанд.

Илова бар ин, дар се моҳи соли 2024-ум 85 нафар хонандагон дар олимпиадаи фаннии даври вилоятӣ иштирок намуда, аз ин шумора 19 нафар сазовори роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гаштаанд.

Инчунин, байни 50 муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳо-озмунҳои фаннӣ, аз ҷумла озмуни “Донояк” байни хонандагони синфҳои 2-4, “Ифтихори ватандорӣ” байни хонандагони синфҳои 5-11, “Ватанпарвар” ва олимпиадаи фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-11, озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон”, “Мураббии соли Тоҷикистон”, “Беҳтарин директори муассисаи таълимӣ” дар ноҳия гузаронида шуда, айни замон дар муассисаҳои таълимӣ озмунҳои “Илм — фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон — ватанаи азизи ман”, “Маърифати ҳуқуқӣ — оини худшиносӣ” ва “Луғатдони беҳтарин” гузаронида шуда истодааст.

Бақайдгирии довталабон дар ММТ

Ба гуфтаи мудири шуъбаи маориф, аз 1-уми марти соли 2024 бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ оғоз ёфта, то ин ҷониб аз шумораи 1247 нафар хонандагон 700 нафар (56%) аз қайди ММТ гузаронида шуда, айни замон бақайдгирии довталабон дар нуқтаи бақайдгирии ММТ бомаром идома дорад.

Такмили ихтисос ва озмоиши низоми 10-хола

Бино ба иттилои Умед Эшонзода, тибқи нақшаи таҳияшуда дар соли 2024-ум 334 нафар омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, муовинони директор оид ба таълиму тарбия аз курсҳои такмили ихтисос бояд гузаронида шаванд. Аз ин шумора дар се моҳи соли 2024-ум 104 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос гузаронида шудаанд, ки аз ин шумора 10 нафар директорони муассисаҳои таълимӣ ва 14 нафар муовинони директорҳо мебошанд.

— Оид ба рафти иҷрои қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.2023, №26/27 “Дастурамал оид ба озмоиши низоми 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Ҷайҳун 4 муассисаи таълимӣ — №№1, 5, 8 ва 16 ҳамчун муассисаҳои озмоишӣ интихоб шуда, аз ҳар як муассисаи зикршуда се нафар омӯзгор: 1 нафар омӯзгори фанни забони тоҷикӣ дар синфи 5 ва 1 нафар омӯзгори фанни математика дар синфи 5, ҷамъ 12 нафар дар якҷоягӣ бо мудири кабинети методӣ дар шаҳри Бохтар дар семинари серӯза иштирок намуданд,- гуфт мудир.

Зикр гардид, ки аз 11-уми феврали соли ҷорӣ дар муассисаҳои номбурда як синфи 2 ва як синфи 5 интихоб шуда, таълим ва баҳогузорӣ мутобиқи низоми баҳогузории 10-хола гузаронида шуда истодааст.

Муҷаҳҳазгардонӣ ва сохтмон

Тавре маълумот дода шуд, дар семоҳаи соли ҷорӣ бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад кабинети фаннии суруд ва мусиқӣ ба шуъбаи маорифи ноҳия оварда шуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудааст.

Инчунин, 20 кабинети фаннӣ аз фанҳои химия, физика, биология, география ва математика маҳз бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар соли сипаришуда  алакай харидорӣ шудаанд.

Зимнан, аз тарафи “КАСА-1000” дар муассисаҳои таълимии №№ 2, 4, 20, 23, 28 ва 39 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва таъмири асосӣ бомаром идома дорад.

Аз ҳисоби кумитаи АВО дар назди муассисаи таълимии №6-и ҷамоати деҳоти Панҷ, дар деҳаи Истиқлол сохтмони муассисаи таълимии дуошёна бо шумораи 16 синфхона ва дар назди муассисаи таълимии №49 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо назардошти 4 синфхонаи иловагӣ идома дошта, дар назди муассисаи таълимии №47-ум 6 синфхонаи иловагӣ пурра сохта шуда, алакай мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Инчунин, сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун, ки дар маркази ноҳия қомат афрохтааст, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

— Умуман, дар семоҳаи соли 2024 мо — маорифчиёни ноҳия барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбия кӯшиш ба харҷ дода, ба як қатор бурдбориҳо ноил гардидем. Чунки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ба муассисаҳои таълимӣ, умуман ба тамоми маорифчиёни ноҳия дар ҳамаи самтҳои фаъолият дастгирии ҳамаҷонибаи худро расониданд,- гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Умед Эшонзода.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *