Муфассал: Парвина канизаки зани араб шуду…

Ин ҷавонзани 44-солаи тоҷик аз сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ  илтиҷо дорад, ки  ӯро аз Ҷидда ба ватан баргардонанд

 

Шумораи занону духтарони зудбоваре, ки ба осонӣ ба доми фиреби қаллобон афтида, бо умеди соҳиби пули калон гаштан ба хориҷи кишвар мераванд ва ғулому канизи дигарон мешаванд, сол то сол меафзояд. Қаблан мо сарнавишти талхи Нурбибӣ Мансурова, Мадина Холназарова ва чанд зани дигари тоҷикро, ки ба ғуломӣ афтида буданд, манзури шумо хонандагони азиз гардонида будем. Имрӯз дарди дили боз як ҷавонзани фиребхӯрдаи тоҷик, сокини шаҳри Ваҳдат Парвина Саидоваро пешкашатон мегардонем, ки айни замон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистон қарор дорад. Қаллобон домони Парвинаро бо чормағзи пуч пур карда буданд, ки пули калон кор карда дар бадали ду сол ба шоҳбону табдил меёбад. Ин ҷавонзани бе тақдир ба ваъдаҳои болохонадори он мардумфиребон бовар карда, бо умеди соҳиби хонаи худ гаштан ба Арабистон рафт, вале…

Ҳаким Саидов:

Ба ваъдаҳои ҷиянам бовар кардаму…

Волидони Парвина дар ҷамоати деҳоти Дӯстӣ (собиқ К. Исмоилов)-и шаҳри Ваҳдат  зиндагӣ мекунанд. Умри сарвари оила Ҳоким Саидов аллакай ба 70 дакка хӯрдааст. Ин марди 69- сола намедонад бо кадом роҳ фарзандашро аз ғуломии аҷнабиён озод созад. Зимни суҳбат бо мо ин марди нуронӣ қиссаи ба хориҷа афтидани духтарашро чунин нақл кард:

-Дигарон аз бегонагон ноланд, ман аз одамони худӣ менолам, чунки ба гапҳои духтари хоҳарам бовар карда, иҷозат додам, ки духтарам ба Арабистон равад. Онҳо аввал гуфтанд, ки мо намегузорем Парвина танҳо ба мамлакати бегона равад, вале баъд худашонро қафо кашида, гуфтанд, ки ту бе ташвиш рав, аз пасат мо ҳам меравем. Ҳамин тавр духтарам ба ваъдаҳои осмонӣ бовар карда, бо умед коркунӣ рафт, вале як сол мешавад, ки дар ғуломӣ қарор дорад. Акнун ҷиянам мегӯяд, ки ман чӣ гуна ҷой будани Арабистонро намедонистам, чунки ягон бор худам ба он ҷо нарафтаам. Аз забони дигарон шунидам, ки маоши хуб медиҳанд, барои ҳамин ба Парвина тавсия додам, ки ба Арабистон коркунӣ равад. Наход, ки ман дидаю дониста, духтари тағоямро ба коми оташ партоям…

-Чаро ғуломӣ мегӯед, магар Парвина дар Арабистон озодона кору зиндагӣ намекунад?  

Зане, ки духтарам дар хонааш кор мекунад, бисёр бадмуомилаву дағал будааст. Шавҳари ҳамон зан  корманди ҳарбӣ буда, чанд сол пеш вафот кардааст. Ин бевазани бе инсоф, ки шаш фарзанд дорад, духтари моро то нисфи шаб хар барин кор фармуда, ҳатто нони серӣ намедодааст. Чанд бор ҳуши духтаракам аз гуруснагӣ рафта, дасту пойҳояш шах шудаанд…

-Шумо чӣ гуна аз ҳолу аҳволи духтаратон бохабар мешавед?

оҳиби хона имконият намедиҳад, ки Парвина бо мо дар тамос шавад. Духтарам пинҳонӣ, вақти дар хона набудани он зан тариқи Интернет бо мо гап мезанад. Духтарам дар он ҷо бисёр ҳоли бад дорад. Аз рӯйи гуфти худи Парвина соҳибхона ӯро соати панҷи саҳар аз хоб бедор карда, то соатҳои ду-сеи шаб бераҳмона кор мефармудааст. Хоҳарҳои худаш гуфтаанд, ки хислати апаамон бисёр тез ва бадқаҳр аст, ростӣ, мо ҳайронем, ки чӣ хел ту тоқат карда, дар хонаи ӯ кор ва зиндагӣ карда истодаӣ.

Парвина чанд вақт боз дар Арабистон аст ва кай бояд ба Ватан баргардад?

-Аслан шартномаашон дусола буд. Пештар соҳиби хона ваъда дода будааст, ки як сол кор кун, баъд туро ҷавоб медиҳам, вале акнун аз лафзаш баргашта, гуфтааст, ки ман барои ту пули калон сарф кардам, то пуламро барнагардонӣ ба ягон ҷо намеравӣ!

-Ба онҳое, ки Парвинаро ба Арабистон ба кор фиристода буданд, ҳоли ӯро нагуфтед?

-Вақте аҳволи бад доштанашро гуфтам, дар ҷавоб гуфтанд, ки айби духтари худат аст, муомилаи хуб надорад, охир ман хислату хӯйи фарзандамро нағз медонам. Духтарам бисёр шармгин аст ва дар умраш бо ягон кас ҷангу ҷидол накардааст.

-Бар ивази меҳнати сангин дар мулки бегона духтаратон чӣ қадар музд мегирад?

-Пеш аз сафар гуфтанд, ки 1000 доллар мегирад, вале ҳақиқат тамоман дигар будааст. Аз ин маблағ 600 долларашро байндаро мегирифтаасту ба коргар ҳамагӣ 400 доллар медодаанд. Ҳамон 400 долларро ҳам гоҳ медиҳанду гоҳ не!

Медонед, ки духтаратон бо воситаи кадом ташкилот ба Арабистон коркунӣ рафт?

Намедонам, ки чӣ ташкилот бошад, лекин ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тайёр мекардаанд. Аз Душанбе Парвина аввал ба Дубай парвоз кард. Дар он ҷо ҳуҷҷатҳояшро санҷида гуфтаанд, ки ҳуҷҷатҳоят қалбакӣ ҳастанд ва ту ба Ҷидда рафта наметавонӣ. Вақте ки телефон карда ин масъаларо ба мо гуфт, маслиҳат додем, ки ба Ватан баргардад, аммо ҳамон одамони сафари ӯро ташкилкарда роҳашро ёфта, масъаларо ҳал карданд. Дар Ҷидда Парвинаро 2-3 шабонарӯз дар таҳхона нигоҳ доштаанд, баъд ҳамин бевазани араб омада, ӯро ба хонааш бурдааст. Арабҳо фикр мекардаанд, ки мо, тоҷикон ҳатто нони хӯрдан надорем. Парвина гуфтааст, ки ақидаатон тамоман ғалат аст, мо аз шумо дида озодтар ва серу пур ҳастем, аммо ба хотири кори хуб ёфтан ба кишвари шумо меоем…

Парвинаро чӣ маҷбур кард, ки ба Арабистон равад?

-Духтарам ҳанӯз замони кӯдакии писараш, ки имрӯз донишҷӯ аст, аз шавҳараш ҷудо шуда буд. Шукри Худо зиндагиамон чандон бад нест, замин дорем, гову мол дорем. Парвина «ман то ба кай дарди сари шумоён мешавам, кор карда ягон хона хариданам даркор, то ки писарам бемалол зиндагӣ кунад» гӯён, бо умеди соҳиби манзили шахсии худ гаштан ба Арабистон рафт, вале ба доми фиреб афтида, канизаки зани араб ва шаш фарзанди ӯ шуда монд…

-Мақсади шумо аз муроҷиат намудан ба идораи рӯзномаи «Оила» чист?

Бо воситаи газетаи шумо аз Ҳукумати Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ хоҳиш карданиям, ки ягон илоҷ карда фарзанди маро ба Ватан баргардонанд. Ба ман фақат саломатии духтарам лозим аст, дигар ягон чиз намехоҳам!

Модари Парвина:

Хотири ҷӯрагӣ духтарамро ғулом карданд

Рози духтарро модар беҳтар медонад, аз ҳамин хотир баъди суҳбат бо сарвари хонадон мо бо модари Парвина ҳамсуҳбат гаштем.

Парвинаро ҷияни шавҳаратон ба Арабистон бурд ё дар паси ӯ дигарон меистоданд?

-Парвинаро духтари аммааш ба Арабистон бурд гуфтан ноинсофӣ мешавад, чунки ӯ танҳо маслиҳат доду халос, миёнарави асосӣ дар ин кор Аҳрор ном марди ҳисорӣ аст, ки бо аҳли оилааш дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Танҳо баъди ба Арабистон рафтани духтарам мо фаҳмидем, ки Аҳрор бо додари ҳамон зане, ки айни замон Парвина дар хонаи ӯ кору зиндагӣ мекунад, дӯстии наздик доштааст.

-Духтар албатта ҳама сиру асрори дилашро ба падар гуфта наметавонад, вале шумо, ки модар ҳастед, аз аҳволи Парвина бештар хабардор будагистед?

ар ҳақиқат мо ҳама дарду доғи духтарамро ба падараш намегӯем, ки зиқ мешавад. Парвина дар Арабистон азобҳои бисёре кашид. Соҳиби хона хӯрду хӯрокро қулф карда, ба ӯ ҳатто нон намедодааст. Оқибат кор ба ҷое мерасад, ки духтарам аз гуруснагӣ касал шуда ба беморхона меафтад. Духтурҳо полисро ҷеғ мезананд. Кормандони пулис он занро маломат карда мегӯянд, ки агар ту ин ғарибро ҳамин хел азоб додан гирӣ, мо маҷбур мешавем, ки нисбатат чора андешем. Танҳо баъди ҳамин соҳиби хона каме тарсида, муносибаташро бо Парвина андак беҳтар кард. Пештар ҳатто шабҳо ӯро хоб рафтан намемонданд, ҳоло то соатҳои ду-сеи шаб кор карда, баъд то дамидани субҳ ду-се соат хоб меравад…

Чаро аз гиребони миёнарав гирифта талаб намекунед, ки фарзанди шуморо чӣ хеле, ки бурд, ҳамон хел ба хонаатон баргардонад?

Чанд маротиба ба Аҳрор занг зада гуфтам, ки таърифҳоятон куҷо шуд, охир ба духтари мо ҳатто нони серӣ намедодаанд. Дар ҷавоб гуфт, ки ин қадар воҳима накунед, наход дар ҳамин замонаи серию пурӣ кас ба хизматгори хонааш нон надиҳад?! Баъд фаҳмидам, ки Аҳрор аз ҳамааш хабар доштааст, вале бо сабаби бо додари ҳамон зани соҳибхона дӯст буданаш чизе намегӯяд.

Шавҳаратон гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои барои духтарам тахт кардаашон қалбакӣ будаанд. Шумо он ҳуҷҷатҳоро дида будед?

Бале, дидам будам. Муҳре, ки дар ҳуҷҷатҳо гузошта буданд, тамоман хонда намешуд, вале эҳсос накардем, ки қалбакӣ аст.

Парвина Саидова:

Зани араб душмани ҷонам гашт

Вақти баргаштан мо аз волидони Парвина хоҳиш намудем, ки рақамҳои духтарашонро диҳанд, то бо воситаи Интернет бо худаш ҳамсуҳбат гашта, дар мулки бегона чӣ ҳол доштанашро пурсон шавем. Баъд аз ду ҳафтаи интизорӣ Парвина аз Арабистон бо мо дар тамос шуда, таъкид намуд, ки ҳамеша зери назорат қарор дошта, имкони муфассал суҳбат кардан надорад. Аз ҳамин хотир, мо бо чанд саволи мушаххас ба ӯ муроҷиат намудем.

 

-Парвина, айни замон шумо дар кадом шаҳри Арабистон қарор доред?

Ман аз  шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бо шумо дар тамос ҳастам. Муддати як сол мешавад, ки дар ҳамин шаҳр дар хонаи Новал гуфтанӣ зани араб кор мекунам. Наметавонам ҳамаи он чизеро, ки аз сарам мегузарад, ба падару модар ва наздиконам нақл кунам, чунки зиқ шуда, бемор шуданашон мумкин аст.

Рост аст, ки соҳиби хона бо шумо дағалӣ мекунад ва шуморо озор медиҳад?

Дағалӣ ҳам гап шуд, соҳиби хона бо ман мисли душмани ашаддӣ рафтор мекунад. Новал 6 фарзанд дорад ва ҳар гоҳ маҳсулот харида биёрад, таъкид мекунад, ки ман ин чизҳоро барои кӯдаконам овардам. Моҳҳои аввали омаданам аз тарс ягон чиз намехӯрдам. Азоби гуруснагию беватанӣ ва дурӣ аз падару модару фарзанду пайвандон оқибат кори худро карду аз по афтидам. Дасту пойҳоям аз гуруснагӣ шах шуда аз ҳуш рафтаам. Соҳиби хона тарсида маро ба духтур бурдааст. Ба сарам оби хунук рехта маро ба ҳуш оварданд. Духтур пурсид, ки ба ӯ ақаллан нон медиҳед ё не? Барои чӣ ин духтар ҳатто қуввате надорад, ки роҳ гардад? Фишори хунамро санҷида ба ман дору доданд, укол карданд, капел монданд. Пеш аз ҷавоб додан духтур ба соҳиби хона гуфт, ки шумо ин ҷавонзанро ахмақ карда аз Ватанаш ба ин ҷо овардаед, агар ба ин духтар шарбати мева, шоколад ва ғизоҳои хуб дода, саломатиашро барқарор накунед, ман худам аз болоятон ба полис шикоят мекунам. Баъди ҳамин азоби ман андак камтар шуд, вале то ҳол то соатҳои ду-сеи шаб хар барин кор мекунам, чунки ман дар ин ҷо як канизак ҳастам. Бовар мекунед, дар умри 44-солаам якум маротиба ба ин ҳол гирифтор шудам.

-Ба ивази меҳнати сангине, ки дар хонаи зани араб мекунед, чӣ қадар пул мегиред?

1000 доллар ваъда карда, маро ба ин ҷо оварданд, вале ҳамагӣ 400 доллар медиҳанду халос. Ҳамонро низ сари вақт намедиҳанд. Маоши ҳафтмоҳаамро бо як азоб гирифтам. Соҳибхона маро аҳмақ ҳисоб карда, мегӯяд, ки пулатро дода будам, вале ту фаромӯш кардаӣ.

Кӯшиш накардед, ки ба Сафорати  Тоҷикистон дар Арабистон рафта кӯмак пурсед?

-Як моҳ пеш ҳама чизҳоямро гирифта қасди гурехтан кардам, вале писари соҳибхона маро мурданивор зада, сумкаамро аз дастам кашида гирифт. Як бори дигар гурехта ба як мағоза рафтам ва саргузаштамро ба посбон, ки марди калонсоле буд, нақл кардам. Вай худи ҳамон лаҳза ба пулис занг зад. Пулисҳо писари соҳибхонаро ҷеғ зада, хуб сиёсат карданд, ки чаро шумо коргарро азоб дода, гурезон кардаед. Дар назди кормандони полис ӯ ваъда дод, ки худаш маро ба ватанам гусел мекунад ва ҳатто ба чанд ҳуҷҷат имзо гузошт, вале баъди оне, ки ба қавлаш бовар карда, маро ба дасташ супурданд, вай маро дубора ба хонаашон оварда, дарро аз болоям қулф карда, баромада рафт.

-Падаратон мегӯяд, ки шуморо духтари аммаатон ба Арабистон бурдааст, модаратон бошад Аҳрор ном мардро гунаҳкор мекунад…?

Миёнарави ману соҳибхоназан на духтари аммаам, балки Аҳрор аст. Чанд маротиба ба ӯ гуфтам, ки ин занак маро азоб дода истодааст, ягон илоҷ карда, ҷойи корамро иваз кунед, вале ба ҷойи дастгирӣ кардан ба сарам дод зада гуфт, ки аз байни ҳамин қадар одам фақат ту ва як каси дигар проблема карда истодаед.

Ба ватанам баргаштан мехоҳам гӯед, соҳибхона чӣ ҷавоб медиҳад?

-Аввалҳо ваъда медод, ки агар як сол аз таҳти дил хизмат кунам, маро ҷавоб медиҳад, вале вақте ки бори охир “маро ба ватанам гусел кунед” гуфта талаб кардам, соҳиби хона Новал ба сарам дод зада гуфт, ки ман барои ту пули зиёде сарф кардаам, то пулҳоямро барнагардонед, ба ҳеҷ ҷо намеравӣ!

-Рӯзҳои истироҳат ба сайру тамошо мебароед?

Дар ин ҷо рӯзи истироҳат гуфтагӣ гап нест. Чашми рӯз накафида аз хоб мехезию то нимаи шаб хар барин кор мекунӣ. Ба ман ваъда дода буданд, ки соҳиби хона туро сайру саёҳат медиҳад, нисфи дунёро тамошо карда, хонаи Худоро зиёрат мекунӣ ва ҳоҷибибӣ шуда ба Тоҷикистон бармегардӣ, вале ҳамааш дурӯғ будааст. Дар муддати як соле, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунам, ақаллан ҳамин шаҳри Ҷиддаро тамошо накардаам, ки чиҳо дорад. Умрам дар байни чор девор ғуломвор гузашта истодааст. Метарсам, ки аз дасти гиряву нолаи бисёр девона нашавам…

Ақаллан суроғаи хонаеро, ки дар он ҷо зиндагӣ карда истодаед, медонед?

Бале, медонам. Соҳибхона Новал ном дошта, рақами телефонаш +9660503608861 аст. Чанд маротиба рақами хонаашонро пурсидам, вале худро ба нодонӣ зада гуфтанд, ки намедонем. Ман фақат ҳамин қадарашро медонам, ки айни ҳол дар шаҳри Ҷидда, кӯчаи Сафа 10 ҳастам.

Барои он ки суҳбати мо тӯл кашида, Парвина аз соҳиби хона гап нашунавад, бо ҳамин иктифо намудем. Боварӣ дорем, ки масъулин дарди дили ин ҷавонзани тоҷикро шунида, барои аз канизию ғуломӣ озод кардани Парвина Саидова кӯшиш хоҳанд кард,

Маҳинаи Давлат

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *