Муфаттишони Русия ба Тоҷикистон омаданд

Гуруҳи мутафаттишон аз Русия дар ростои тафтиши қазияи “Крокус Сити Холл” ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳо дар Душанбе бо пайвандони гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Холл” суҳбат доранд.

 Дар ин бора ба РИА Новости дар такя ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар додааст.

“Ҷараёни тафтишот зери назорати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ба Президенти Тоҷикистон ҳамарӯза дар бораи рафти тафтишот оид ба амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” маълумот дода мешавад”, — гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ӯ илова намудааст, ки ҳамаи гумонбарон то сафар ба Русия дар наздикиҳои шаҳри Душанбе — шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекардаанд.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби Тоҷикистон низ тамоми мақомоти дахлдор, аз ҷумла КДАМ ва ВКД бо ҳамтоёни руси худ ҳамкорӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *