Муфти имоми масҷидро мунофиқ хонд

Раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон (ИМӮ) Усмонхон Олимов 12 сентябр дар як ҷаласаи худ имоми масҷиди шаҳри Тошканд Фазлиддин Парпиевро барои шикояташ ба президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев аз нақзи ҳуқуқи мусулмонҳо танқид кард.

Олимов Парпиевро носипос номид ва тамоми иштирокдорони ҷаласа низ аз ӯ ҷонибдорӣ карданд.

«Имоми мунофиқ ба худ ой, то гирифтори бадбахтие нашавӣ. Дар миёни мо истода, мардуму имомон ва идораи моро масхара дорӣ. Ин ба ягон хубӣ оварда намерасонад», — гуфтааст Олимхон.

Ӯ ҳамчунин аз Парпиев хостааст, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.

Дар навори ҷаласа, ки ахиран нашр шуд, садои имом-хатиби дигари Тошканд Раҳматулло Сайфиддинов низ шунида мешавад.

«Агар ба забони одӣ бигӯем, Парпиев бори масъулияти худро бардошта натавонист. Бо гузашти як моҳ аз таъйин шуданаш ба мақоми имом-хатибӣ аз номи ҳамаи имомҳо ба хатогӣ роҳ дод», — изҳор доштааст ӯ.

Имом-хатиби масҷиди «Омина»-и ноҳияи Юнусободи Тошканд Фазлиддин Парпиев дар як мавъизаи намози ҷумъаи худ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварашро танқид кард, ки барои ришу ҳиҷоб ба сокинон фишор меоранд. Ӯ пештар дар як муроҷиатномаи видеоии худ аз Мирзиёев дар таъмини озодии баёну дини мусулмонони кишвараш кумак хост.

Баъд аз нашри видео Парпиев гуфт, ИМӮ ба ӯ фишор меорад, то бо нашри изҳорот бигӯяд, ки аз кардааш пушаймон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *