Муфтии турк табадулоти наҳзатиҳоро маҳкум намуд

16октябри соли 2017 вохӯрии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзодабо Муфтии шаҳри Истанбул доктор Ҳасан Камил Йлмаз Баргузор гардид.

Зимни вохӯриҳо оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва паҳлуҳои гуногуни он,аз ҷумла масъаҳои диннӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо бо изҳори хушнудӣ аз сатҳ ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, омодагии хешро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманддар мавриди ҳолати озодиҳои диннӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳо барои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористии наҳзат ва “ФЕТО” таъкид намуданд.

Ҳамин тартиб дар рафти мулоқотмуҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода табадулоти нокоми давлатӣ, ки 15 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркияба амалӣ омода буд, маҳкум намуда изҳор дошт, ки мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҳамкории лозимаро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии ҲНИТ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва кушиш табаддулоти номкоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби аъзоёни ин ҳизб амали гардида буд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар вокуниш ба гуфтаҳои Саидмукаррам Абдуқодирзода Муфтии шаҳри Истанбул доктор Ҳасан Камил Йлмазтаъкид намуд, ки Муфтиёти Ҷумҳурии Туркия ҳамагуна табаддулотҳо, аз ҷумла табадулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби Абдуҳалим Назарзода зери роҳбарии ТТЭ ҲНИТдар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандози шуда буд, маҳкум менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *