Муфтиёт ба масҷиди нав мекӯчад?
Раиси шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки ҳанӯз дар мавриди кӯчидани муфтиёт ва масҷиди марказӣ ба бинои нав матраҳ нашудааст.
Раиси шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки ҳанӯз дар мавриди кӯчидани муфтиёт ва масҷиди марказӣ ба бинои нав матраҳ нашудааст.
Ба гуфти муфтии Тоҷикистон ҳанӯз онҳо фаъолияти худро дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе идома медиҳанд ва боре ҳам бо масъулин дар мавриди кӯчиданашон ҳарф назадааст.
“Сохтмони масҷиди нав қариб, ки ба итмом расид ва иншооллоҳ рӯзҳои наздик он ба истифода дода хоҳад шуд. Аммо дар мавриди тахриби масҷиди мо ҳанӯз ҳарфе нест. Шояд ҳар ду масҷид баробар фаъолият мекунанд ва шояд яке тахриб мешавад, ман хабар надорам”-гуфт номбурда.
Ёдовар мешавем, ҳукумати кишвар бо маблағгузории Қатар дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе масҷиди нав бунёд мекунад ва овозаҳое ҳам ҳаст, ки масҷиди марказии кишвар бо муфтиёт ба он кӯчонида хоҳад шуд.
Масҷиди марказии шаҳри Душанбе тахриб шуда ба ҷойи он боғи 30-солагии Истиқлолият бунёд мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ