Муфтиёт: Биткойн ҳаром аст!
Муфтиёти Қазоқистон бо се далел истифодаи криптовалютаро ҳаром эълом кард:
1. Тибқи шариати Ислом, ҳамаи пулҳо бояд аз сӯи давлат бароварда ва муҳофизат шаванд. Биткойн пули миллӣ шуда наметавонад. Он пули маҷозӣ аст, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ кафолат дода мешавад ва қонунгузории молии кишвар низ онро муҳофизат карда наметавонад.
2. Сабабҳои дигари «ҳаром» будани криптовалюта, равандҳои биткойн ҳамеша пӯшида ҳастанд ва он боиси қаллобӣ ва фиребгарӣ мешавад, ки шариат онро манъ кардааст.
3. Биткойн ҳамчун асъор ё мол таҳти назорати ҷониби масъул қарор надорад ва ин ба «иқтисоди дохилӣ ва оромии ҷомеа» метавонад таъсири манфӣ расонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ