Мугамбои тоҷик аз чӣ “недоволен” аст?

Мугамбо- ин ном барои хурду калон ошност. Ин ҷавони шӯху ширинкор бо ҳазлҳои намакинаш дар дилу дидаи мардум маъво гирифта, мухлисони бешумор пайдо намудааст. Дар арафаи Соли нави мелодӣ мо бо Мугамбо ҳамсуҳбат гаштем, то хонандагони азизи “Оила”-ро бо навгониҳои ҳаёти ин ҳаҷвнигори ҷавон ошно сохта, хотири ҳаводорони ҳаҷву мутоибаро шод гардонем.

 -Аввалан ташрифатонро ба идораи ҳафтаномаи “Оила” хайрамақдам мегӯем!

-Ташаккур!

-Шуморо бо кадом ном муаррифӣ намоем, Илҳомҷон ё Мугамбо?

-Маро дар байни мардум бо номи Мугамбо мешиносанд, беҳтараш Мугамбо гӯед.

-Овози шумо дар асл муқаррарӣ будааст, вале дар саҳна тамоман дигар хел садо медиҳад. Оё муддати тӯлонӣ бо овози «сунъӣ» нақш офаридан  мушкил нест?

-Албатта душвор аст, лекин ман бо ин тарзи овоздиҳӣ аллакай одат кардаам. Он ки маро дар нақши одами сода (камақл) дида, мардум аз таҳти дил механданд, ба ман қувват мебахшад.

Сенарияи баромадҳоятонро кӣ тайёр мекунад?

-Мо як гурӯҳи эҷодӣ ҳастем ва аз навиштани сенария сар карда, то сабту банду басти намоишҳоямон ҳама корро якҷоя мекунем.

Дар филми “Овораи ишқ” як рамкаи телевизори  куҳнаро истифода намудаед. Ин идеяи кӣ  буд?

 

-Ман, Убайдуллои Саъдулло ва Дӯстмурод Шарипов шабона сенарияи ин филмро навишта, рӯзона онро ба навор мегирифтем. Вақте ба хонаи як пиразани 70- сола, ки дар қишлоқи Сангтӯда зиндагӣ мекард, рафтем, ман худамро ҳамчун устои телевизор муаррифӣ намудам. Кампир аз ман хоҳиш кард, ки телевизори куҳнаашро таъмир карда диҳам, чунки мавҷак мезанад. Ман розӣ  шудам ва телевизорро ба хонае, ки сабти кино мегузашт, бурдам. Ба ғайр аз чоркунҷааш дигар ҳама чизҳои дар дарунаш бударо кушода гирифтем ва онро дар филм истифода намудем. Пас аз сабт хостам телевизорро аз нав ба қавли русҳо “собират”  кунам, вале аз уҳдааш набаромадам. Маҷбур шудем, ки ба кампир як телевизори нав харида диҳем. Пиразан хурсанд шуда ба мо дуои нек дод.

Дар ин филм лаҳзаҳое ҳастанд, ки дар сенария вуҷуд надоштанд?

Албатта. Истифода бурдани рамкаи телевизор ва хондани ахбор умуман дар сенария набуд. Ман ин лаҳзаҳоро ба филм ворид намуда, ахборро бадоҳатан аз пеши худ бофтам.

Дар ҳамон ахбор хабар медиҳед, ки Садриддини Наҷмиддинро  задан- задан… Аз ҳаҷви шумо ин сарояндаи машҳур  наранҷид?

-Мо бо Садриддин Наҷмиддин нону намакхӯр ҳастем. Садриддин бисёр бачаи хуб ва шӯх буда, ҳаҷву хандаро дӯст медорад, барои ҳамин аз мо наранҷид.

-Шаҳноза ном хонандаи “Оила” ба мо муроҷиат намуда гуфт, ки мухлиси ашаддии шумо аст ва мехоҳад Мугамборо ба тӯйи арӯсиаш даъват намояд.  “Ставка”-атон чанд аст?

-(Механдад) Инро дар газета гуфтан  шарт нест. Ману маъракадор ин масъаларо дар танҳоӣ ҳал мекунем.

-Аз байни ҳаҷвнигорони тоҷик киро меписандед?

стод Убайдулло Раҷаб ва Ташриф Халиловро дӯст медорам ва дигар ҳунармандони тоҷикро низ эътироф менамоям.

Имрӯзҳо сафи ҳаҷвнигорони ҷавон зиёд шудааст. Ин доираи тамошобини шуморо танг намесозад?

-Ҳар як  ҳунарманд мухлиси худро дорад. Зиёд шудани ҳаҷвнигорон баръакс моро ба он водор месозад, ки бештар меҳнат кунем.

Дар аксари нақшаҳоятон шумо дар сар як тоқии даридагӣ доред. Ба фикрам бечора тоқӣ аз калонии саратон даридааст-а?

Рост мегӯед. Сари сахти Мугамбо ҳеҷ ягон кулоҳ ё тоқии муносиб наёфт, ки наёфт! Вақте ки дар Сангтӯда филмро ба навор мегирифтем, кулоҳе, ки ба ман доданд, аз падари аммаам  буд. Вай марди хурдҷусса ва кулоҳаш низ майдаяк буд. Кулоҳ дар сари ман нашуд, ночор пушташро бурида, баъд онро пӯшидам. (механдад)

Аввалин нақши офаридаатонро дар ёд доред?

Ман бо сурудҳои ҳаҷвӣ ба саҳна баромада будам ва аввалинаш “Модари Марҷина” буд. Дар кӯдакӣ  ба сарояндагӣ шавқ доштам. Падарам ҳамеша мегуфт, ки ман писарамро ба Донишгоҳи санъат дохил мекунам. Барои чӣ сароянда нею ҳаҷвнигор шудам, худам ҳам намедонам.

Мугамбо  падари чанд фарзанд аст?

Шукри Худо соҳиби се фарзанд ҳастам. Ду духтару як писар дорам: Нозанин, Нозия ва Ёқубҷон.

-Як лаҳзаи ҳаёти эҷодиатон, ки онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунед?

-Ҳамон   лаҳзаи ахбори филми “Овораи ишқ”.

-Дар чанд филм  нақш офаридаед?

-Дар панҷ филми мазҳакавӣ нақш офаридаам.

-Мугамбо дар зиндагӣ аз чӣ  “недоволний”  аст?

Зиндагӣ пастию баландиҳои зиёд дорад ва ҳаёти мо, ҳаҷвнигорон низ истисно нест. Як рӯз фишорам баланд шуда ба беморхона рафтам. Духтур хандида гуфт, ки наход шумо ҳам бемор шавед. Гуфтам, ки ин ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб надорад, охир ман ҳам мисли шумо инсон ҳастам…

-Имрӯзҳо дар арафаи Соли нави мелодӣ қарор дорем. Омодагии Мугамбо ба Соли Нав чӣ гуна аст?

-Мо аллакай се  барномаи консертӣ гузарондем ва Худо хоҳад, рӯзҳои 30 ва 31-уми декабр барномаи асосии солинавиамон пешкаши  мухлисони ҳаҷву ханда мегардад.

Суҳбаторо: Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *