Мухолифат накунед! Изҳороти Маркази исломии Тоҷикистон

 

Имсол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар тасмим гирифтаанд, ки дар ҳар як маҳалла комиссияҳои махсус оид ба расонидани кумакҳо ба оилаҳои ниёзмандро таъсис диҳанд.

Албатта ин тасмими неку савобе аст. Зеро раисони маҳаллаҳо аз вазъи зиндагии воқеии ҳамаи сокинони ин ё он маҳал беҳтар аз дигарон огоҳӣ доранд ва агар мардуми мусулмони мо хайру садақоти худро дар ихтиёри ин комиссия гузоранд, садақаи онҳо ба оилаҳои воқеан ниёзманд мерасад ва ин амали онҳо боиси хушҳолии як хонавода мегардад.

Мутаассифона, ин тасмим дар бархе аз васоити ахбори омма ҳамчун дахолати мақомот ба корҳои шахсии мардум, аз ҷумла, хайру садақот инъикос гардид, ки боиси нигаронист. Бояд ҳар як инсон ба дилхоҳ тасмими хайру савоб бо назари нек бингарад. Зеро навобаста аз мавқеъ мо инсон ҳастем ва бояд кору кирдор ва нақшаву ниятҳоямон ба дастгирии инсонҳои дигар равона гардад, на ба эҷоди мухолифату нофаҳмӣ миёни ҷомеа.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *