Мухолифин чаро ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд?!
Дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид мақомоти Тоҷикистонро барои «идомаи саркӯби мухолифини сиёсӣ» ва «эҷоди фазои тарс» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танқид карданд.
Комиссари олии СММ Мишел Бачелет, дар мавриди ҳуқуқи башар, рӯзи 7-уми март дар иҷлосияи 49-ум гуфт, «шумораи зиёди намояндагони мухолифин дар мурофиаҳое, ки ба меъёрҳо мувофиқ нестанд, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.»
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин изҳорот вокунише накардаанд, аммо дар гузашта ҳабси мухолифони сиёсии худро рад карда, ҳамагуна ҳукми додгоҳҳоро холисона номидаанд. Ҳарчанд дар дохили кишвар низ шубҳаҳо ба бетарафии додрасҳо боқист.
Комиссари олии Созмони Милал ҳамзамон гуфтааст, даргирии миёни нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон вазъи ҳуқуқи башарро «ба таври қобили мулоҳиза коста, фазои тарсу саркӯбро ба вуҷуд овардааст», овардааст дар гузоришаш Радиои Озодӣ.
«Ман аз идомаи қатъи дастрасӣ ба Интернет дар вилоят ибрози таассуф мекунам. Чунин бархӯрд ҳуқуқи одамонро ба таври ошкоро поймол мекунад,»- гуфтааст бону Мишел Бачелет.
Аз моҳи ноябри соли гузашта то кунун сокинони шаҳри Хоруғ ва атрофи он аз Интернет маҳруманд. Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳи январи имсол дар бораи сабабҳои набудани интернет дар минтақа посухи рӯшан надоданд.
Муовини раиси ин идора Илҳомҷон Атоев, гуфта буд, “барои пешгирӣ намудан, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат, амнияти иттилоотӣ, баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронда мешавад.”
Намояндагони Додситонии ҳарбӣ мегӯянд, рӯйдоди чаҳор моҳ пешро таҳқиқ доранд, аммо сокинон аз набудани Интернет, фишори афзоянда, теъдоди зиёди низомиён ва эҳтимоли баргузории амалиёт нигаронанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ