Мукофоти Нобелро табибон гирифтанд
Солона чаҳорсад ҳазор кас аз ин беморӣ мемиранд
Ду олими амрикоӣ ва як олими инглис барои кашфи вируси ҳепотити “С” барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши тиб ва физиология шуданд. Ҳарви Олтер, Чарлз Райс ва Майкл Ҳютон рӯзи 5-уми октябр ҷоизаи 1 миллиону 100 ҳазордоллариро аз они худ карданд. Кумитаи Нобел гуфтааст, се донишманд дар мубориза ба зидди бемории ҳепотит нақши калидӣ доштанд. Ба тахмини Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, беш аз 70 миллион мавриди ҳепотит дар саросари ҷаҳон вуҷуд дорад ва солона чаҳорсад ҳазор кас аз ин беморӣ мемиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ