Мукофотпулӣ ба раиси Шаҳритуз

Дар  шаҳри Бохтар даври якуми мусобиқаи меҳнатии 15 – рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2019 натиҷагирӣ шуд.

Ин мусобиқа  бо мақсади қадршиносӣ кардани пахтакорони пешқадами вилоят роҳандозӣ гардида, ҳар 15 рӯз ҷамъбаст карда мешавад.

Пахтакорони ноҳияи Шаҳритуз дар даври аввали мавсими пахтачинӣ ғолиб шуда, ба раиси ин ноҳия аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд. Кишоварзони шаҳри Бохтар мақоми дуюми мусобиқаро сазовор гардида, 10 ҳазор сомонӣ ва деҳқонони шаҳри Левакант бо гирифтани ҷойи сеюм 5 ҳазор сомонӣ туҳфа гирифтанд. Барзгарони ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён ва Қубодиён бо ҷамъоварии босуръати ҳосили пахта пешқадамони ин мусобиқа ҳисобида шуданд.

Ба иттилои раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон хоҷагиҳои пахтакори вилоят то 16-уми сентябри соли равон ба корхонаҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои қабул беш аз 44 ҳазор тонна пахта супориданд, ки ин 16,2 дарсади дурнамои имсоларо ташкил медиҳад.

Ба хотири тезонидани суръати чиниш ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон гардид. Ин пешниҳоди раиси вилояти Хатлон рӯзи 16-уми ноябр дар Рӯзи Президент ҷамъбаст гардида, ба раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳое, ки дурнамои солонаи пахтаро пурра иҷро мекунанд, мошинҳои сабукрав тақдим карда мешавад.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *