Муколама бо Аҷал. Ё кадом амалам ба худованд хуш омад?
…Рӯзи ҷумъаи 28 май. Дар ҷои кор таби баланд бадани маро ба назарам, ба кураи оҳангарон табдил дод. Ҳарчанд кушиш кардам, ки то бегоҳ корамро идома диҳам, аммо нашуд. Қувват надоштам, ки ҳатто бо ҳамкорон хайрухуш кунам ва рафтам сӯи хона. Он ҷо ҳароратсанҷро ба баданам гузоштаму дидам, ки 39,5 дараҷаро нишон медиҳад. “Хайр, грипп будагист мегузарад…” аз дил гузаронидам. Аммо ҳолатам соат ба соат вазнин шудан мегирифт. Ба хотири ташвиш надодани наздикон, кушиш мекардам, ки дардамро пинҳон кунам ва як доруи таб хӯрда, ба ҷойгаҳ дароз кашидам…
Аммо то кай пинҳон мекунӣ? Баъд аз ду рӯзи беморӣ маро барои ташхис ба “Диамед” бурданӣ шуданд. Вале чун нархи ташхис баланд буд, хоҳиш кардам, ки ба “Истиқлол “ баранд. Дар он ҷо бо нархи нисбатан арзонтар томография карданду гуфтанд: “двухсторонная пневмония”(илтиҳоби шуши дутарафа). Зеро он вақт ҳанӯз ба таври расмӣ мавҷудияти КОВИД эътироф нашуда буд. Хурсанд шудам, ки хайрият короновирус набудааму бо чанд дору ин “грипп” мегузарад ва ба хона баргаштам.
…Пеши назарам манзараи аҷибе пайдо шуд. Биёбони беоб ва мани танҳо.Ташнагӣ азобам медод, сулфа гулӯгирам мекард. Мехостам ҳарчи зудтар ба ягон ҷои обод расам, аммо дар байни реги тафсони ин биёбон дасту по мезадаму илоҷам набуд, ки аз он раҳо шавам.
-Худо, илоҷе кун, ки аз ин ҷо бароям. …
Вале касе ба додам намерасиду соат ба соат аҳволам вазнинтар мешуд ва дигар маҷоли ба Худо зорӣ кардан ҳам надоштаму беихтиёр гуфтам:
-Аҷал, куҷоӣ, ки маро аз ин азобҳо халос кунӣ…
Ва Аҷал омад. Бо ба сарам омадани фариштаи марг маро воҳима зер кард. Ӯ каме ба ҳоли зори ман нигоҳ карду пурсид:
-Мехоҳӣ аз ин азобҳо халос шавӣ?
Вақте ваҷоҳати ӯро дидам, дилам ларзид ва чизе гуфта натавонистам. Забонам лол монд. Охир агар ҳоло розӣ шавам,баъд чӣ мешавад? Мемураму китобҳои навиштаам чоп нашуда мемонанд. Занҳою(мебахшед, зану фарзандон) гирёну нолон мешаванд ва як сол аз кору борашон мемонанду дар сӯги падар мешаванд ва боз чанд проблемаи дигар. Аммо Аҷал, ки омад, намепурсад, ки ту чанд мушкилоти ҳалношуда дорӣ…Шояд он чӣ аз сари бемори ман мегузашт,барои Аҷал аён буд,ки табассуме карду давом дод:
-Ана дидӣ, дилат ҳанӯз ба дунё кашол аст ва ту мурдан намехоҳӣ. Ту мехоҳӣ, ки зудтар сиҳат шавӣ ва ман ҳам чун аз боло дар бораи гирифтани ҷонат фармон нашудааст, ин корро карда наметавонам. Шояд зиндагидӯстиат алҳол ба Худованд хуш омадааст. Зиндагӣ ҳам доди Худо аст ва онро дӯст доштан лозим. То боздиди охирин, алҳол ман рафтам…
…Сарамро аз болин касе бардошт, дидам, ки духтари табибам бо салфеткаи тар арақи пешониамро пок мекунад.
-Додо, ҳозир як “гепарин” кардам, сабуктар мешавед. Ана баъд доруи…, — ӯ номи доруҳоро қатор кардан гирифт, ки дар он лаҳза ба хотир гирифтани онҳо барои ман имконнопазир буд. Фақат аз ӯ пурсидам, ки магар грипп ҳам ҳамин хел сахт мешавад?
-Ин гриппи шумо гриппи дигар аст ва шакли сабукаш сироят кардааст… Дарк кардам, ки ӯ “сабукаш” гуфта чиро дар назар дорад. Ман гирифтори маризии КОВИД-19 шуда будам!
Айби худам, чун соли гузашта ба ин беморӣ гирифтор нашудам, гумон кардам, ки дигар ман оҳанинам ва ягон намуди маслиҳатҳои муҳофизатиро ба инобат нагирифтам…
…21 рӯз бо лашкари наву ноаёни баромадаш аз Хитой дар ҷанг будам. Дар ин ҷанг ба ман беҳтарин духтурони пештар эндокринолог ва кардиолог ва ҳоло “ковидшинос”, ки дар мавҷи аввал шаш моҳи бутун дар “карантин” беморонро муолиҷа кардаанд, доктор Эҳсон Олимову Беҳруз Шодизода ва духтару келинам,ки ҳарду ҳамшираи шафақатанд ва донишҷӯи соли охири Донишгоҳи тиббӣ Ҳусейн кумак карданд. Ҳазору як раҳмат ба онҳо,ки ҷони маро аз дасти Аҷал раҳо карданд. Доктор Эҳсон ва Ҳусейн телефонӣ (ҳар кадоме якборӣ ба хона омада маро хабар ҳам гирифта буданд) маслиҳатҳо худро дар вақти табобат медоданд ва “табибони хонагии” ман аз рӯи он амал мекарданд. Вақте, ки аҳволам хеле беҳтар шуду ба онҳо арзи сипос намудам, доктор Эҳсон гуфт:
-Ин ҷо хизмати мо камтар аст, ин хизмати худи шумост, ки ноумед нашудед ва мубориза бурдед, вагарна бемориатон он қадар “сабук“ ҳам набуд. Ман, ки зиёда аз якуним сол боз бо чунин беморон сару кор дорам, мебинам, инсонҳое, ки зиндагидустанд, зуд шифо меёбанд ва ба ноумедӣ роҳ намедиҳанд. Ковид нафареро ба коми Аҷал тела медиҳад, ки зуд таслим мешавад. Аммо муолиҷаи дуруст ҳам нақши асосӣ дорад…
Шояд доктор “муолиҷаи дуруст” гуфта номгӯи доруҳоеро дар назар дорад,ки дар ин ҳолатҳо заруранд. Тавре дидам, ин номгӯ вобаста ба он, ки гирифтори КОВИД қаблан чӣ бемориҳои дигар дошт, фарқ мекунад. Масалан, гирифторони бемории қанду фишори хун ва қалб ва ё ягон бемории дигар аз ҳам тафовут доранд ва ин ҷо мутахассиси хуб лозим аст, ки вобаста ба вазъи бемор давои ӯро интихоб кунад. Хушбахтона, аллакай мо чунин табибон дорем.
Рости гап, дар бораи нархномаи ин доруҳо ин ҷо суҳбат кардан намехоҳам, зеро саломатии инсон нарх надорад, вале агар дар чунин мавсиме, ки дар гузашта онро “харбузапаз” мегуфтанду одамони солхурда бо сабаби пайдо шудани бемориҳои марговари гузаранда (Худо нишон надиҳад, вабо, тоун ва ҳоло КОВИД ) бештар мемурданд, нархи онҳоро танзим мекарданд, масалан, кумакҳои башардӯстонаро барои паст кардани нархи давоҳои асосии зиддиковидӣ, аз ҷумла, гепарин сарф мекарданд, мардум дуогӯяшон мешуданд. Ҳамчунин, намехоҳам дар бораи он гӯям, ки аз Вазорати тандурустӣ ба мани иштирокчии ҷанги Афғонистон ва дорандаи ордену медалҳо чӣ кумаке карданд. Мефаҳмам, ки имрӯзҳо ташвиши онҳо бе ман ҳам аз сару гӯшашон ҳам зиёд аст ва маъракаи эмкунию ба ин маърака ҷалб кардани сокинон барои онҳо осон нест. Муҳимаш, аз бало алҳол дар амон мондам.
Аммо як чизро таъкид карданиам, ки касе “оҳанин” нест ва бо пайдо кардани имконияти аввалин эм гиред. Онҳое, ки мегӯянд, эми зидди КОВИД зарар дорад, тарсончаку дуруғгӯянд. Зеро дар давоми як моҳи беморӣ даҳҳо саҳифаи интернетро сари ин мавзӯъ ғалбер кардам ва исботи ин далелро наёфтам. Баръакс, новобаста ба мамлакати истеҳсолнамудааш ва намуди ваксина, он фоидавар аст ва ваксиншуда шонси зиёд барои гирифтор нашудан ба ин бемории аср дорад. Боз муҳимтар аз ҳама он аст, ки инсон барои зиндагӣ офарида шудааст ва бояд то охирин лаҳза барои ин неъмати худовандӣ мубориза барад. Агар маслиҳате бароятон аз таҷрибаи банда зарур бошад, ба “Тоҷикистон” муроҷиат кунед, тавонистем, кумак мекунем, вагарна ба духтурони соҳибтаҷриба муроҷиат намуда, ба саволҳоятон ҷавоб мегӯем…
А. АҲМАДЗОДА, нафаре, ки аз Пули Сирот баргашт
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ