Мулимаи талабазан аз кор ронда шуд

Омӯзгори яке аз мактабҳои вилояти Фарғонаи Узбакистонро баъди нашри видеое, ки нишон дод, ӯ ҳангоми дарс хонандагони синфи севумро бо китоб латукӯб карда, суханҳои қабеҳ мегӯяд, аз кор рондаанд.
«Мудири мактаб барканор нашудааст. Вале ба ӯ ҳушдори ҷиддӣ доданд», — мегӯянд дар Идораи маорифи вилояти Фарғона.

Яке аз кормандони Идораи маорифи Фарғона гуфт, раҳбарияти онҳо ин қазияро ҷиддан баррасӣ карда, ахиран тасмим гирифтааст, ки муаллима аз кор озод карда шавад. «Ин ҳодиса моҳи гузашта рух додааст. Хонандае онро бо телефони худ ба навор гирифта, баъдан дар Интернет гузоштааст», — афзуд ӯ.

Рӯзи 16 марти соли равон видеое дар Интернет нашр шуд, ки нишон медиҳад омӯзгор дар дарс хонандагони синфи севумро бераҳмона бо китоб латукӯб карда, онҳоро «гов» меномад. «Агар нафаре аз шумо ба пушт нигоҳ кунад, гарданашро тоб хоҳам дод ва ҳар кас рӯяшро турш мекунад, мекушам», — таҳдид мекунад муаллима.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *