Муллоқарта дасгир шуд
Бобошарипова Саломат, ки аксар мизоҷонашро бо воситаи қарта табобат мекард аз тарафи мақомот дасгир гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД.
Бино ба иттилои манбаъ шаҳрванд Бобошарипова Саломат Саидмуродовна,
соли таваллудаш 1967, истиқоматкунандаи кӯчаи Чинор Имомови ноҳияи Шоҳмансури
пойтахт, худро ҳамчун табиб муаррифӣ намуда, бо сеҳру ҷоду машғул шуда, аз
мизоҷони худ маблағ талаб мекардааст. Чунин амали мардумфиребонаи ӯро
кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони
ВКД ошкор намуданд.
Номбурда бо истифода аз боварии шаҳрвандон дар манзили истиқоматиаш
корафтодагонро қабул намуда, тавассути қарта фолбинӣ менамудааст ва бо истифода
аз ҳар гуна ашё гӯё сеҳру ҷоду намуда, бо ҳамин роҳ ба муштариёнаш ваъдаи
беасос медодааст.
Ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷраи кории номбурда қарта, якчанд адад сурат, пои
гӯсфанд, дили гов, шамъ, қулф, ришта ва дигар ашёҳо дарёфт ва мусодира карда
шуд.
Нисбати шаҳрванд Бобошарипова Саломат тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси
ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода,
шуда барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ